Суди ноҳияи Ёвон Нигинаи Маҳмадрозиқ, ҳамшираи тиббии Маркази тиббӣ - оилавии кӯмаки аввалияи тиббии санитарии ноҳияро, бо қисми 1 моддаи 108 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз беэҳтиётӣ ба марг расондан) гунаҳкор дониста, ба муҳлати як сол равонаи зиндон кард.
Ба қавли ӯ, судшаванда ба ҳайси ҳамшираи тиббии маркази болозикр фаъолият намуда, ҳангоми дар рухсатии меҳнатӣ қарор доштанаш, дар манзили истиқоматиаш ба таъйиноти дар пораи варақ навиштаи табиб Соибегим Руштова бепарвоёна муносибат карда, оқибатҳои ҳаракатҳояшро пешбинӣ накарда, тавассути сӯзандору маҳлули доруҳои адреналин 1, 0 мл, дексаметазон 1, 0 мл ва натрий хлор 1, 0 мм - ро ба ҳам омехта намуда, ба раги хунгарди дасти шаҳрванд Фирӯза Тӯраева гузарондааст. Дар натиҷаи ин амали беэҳтиётонаи ӯ вазъи саломатии Ф. Тӯраева вазнин гардида, номбурда ҳангоми ба беморхонаи марказии ноҳия барои расондани ёрии тиббӣ дастрас намудан, ба ҳалокат расидааст.
Мувофиқи хулосаи экспертизаи судӣ - тиббӣ сабаби марги Фирӯза Тураева ин садамаи анафлатикии барангезандааш дорувории адреналин, дегидрооксифенил -2 метиламиноэтанол дексаметазон, ки боиси варами шушҳо, норасогии шадиди кори дил ва рагҳои хунгард гардидаанд, ба шумор меравад.
Мувофиқи моддаи 60 Кодекси ҷиноятӣ ҳангоми таъйини ҷазо суд хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, яъне арзиши объектҳои бо қонун муҳофизатшаванда, сабабҳои содир намудани ҷиноят, тарзи амал, шахсияти гунаҳкор, хусусият ва андозаи зарари расондашуда, ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд, ҳамчунин, қарори Пленуми Суди Олиро “Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани асосҳои умумии таъйини ҷазо” асос намуда, ҷинояти содирнамудаи судшаванда Н. Маҳмадрозиқро тибқи талаботи моддаи 18 Кодекси ҷиноятӣ ба категорияҳои ҷиноятҳои начандон вазнин мансуб донист. Сабабҳои содир шудани ҷиноят ин зоҳир намудани муносибати бепарвоёна нисбат ба амали худ аз ҷониби судшаванда мебошад.
Бар пояи ҳукми суд Нигинаи Маҳмадрозиқ дар содир намудани ҷиноят бо қисми 1 моддаи 108 Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 1 сол бо нигоҳ доштан дар колонияҳои ислоҳии низомашон сукунат таъйин карда шуд.
Бо дастрасии моддаи 78 Кодекси ҷиноятӣ ҷазо нисбат ба судшаванда то ба синни ҳаштсолагӣ расидани фарзанди ноболиғаш Н. Холбобоева мавқуф гузошта шуд.