arzon replenishment
"Эътимод" соҳибашро ёфт
518

Тавре ки иттилоъ дода будем, номзадии 4 журналист, ки ба талаботи Низомномаи ҷоизаи “Эътимод” пурра мувофиқ буда, овози бештари корбарони шабакаҳои иҷтимоиро соҳиб шудаанд, барои баррасӣ ба Комиссияи озмун пешниҳод шуда буданд.

Имрӯз пас аз хулосаи комиссия, ки аз шахсиятҳои арзандаи журналистикаи Тоҷикистон иборатанд, Раёсати Шӯрои ВАО қарори худро дар бораи ғолиби озмун ниҳоӣ кард.

Ҳамин тавр, ба Саидэҳсон Солиев (Ҷалолиён), ғолиби озмун, имрӯз дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенси”-и шаҳри Душанбе дар маъракаи вобаста ба Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод - 3 май Ҷоизаи “Эътимод” супурда шуд.

Ёдовар мешавем, ки Фатҳиддини Замон - сармуҳаррири Идораи барномаҳои сиёсии Телевизиони Тоҷикистон, Саидэҳсон Ҷалолиён - муҳаррири варзидаи Идораи барномаҳои иттилоотӣ - таҳлилии Радиои Тоҷикистон, Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ - сармуҳаррири рӯзномаи "Анвори дониш"-и ДДК ба номи А. Рӯдакӣ ва Далери Абдулло - муовини сармуҳаррири рӯзномаи "Садои мардум" номзад буданд, аммо, аз ин феҳрист Далери Абдулло номзадии худро пас гирифт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД