Номзадии 4 журналист, ки ба талаботи Низомномаи ҷоизаи “Эътимод” пурра мувофиқ буда, овози бештари корбарони шабакаҳои иҷтимоиро соҳиб шудаанд, барои баррасӣ ба Комиссияи озмун пешниҳод шудаанд. Дар ин бора Раҷаби Мирзо, узви Раёсати Шӯрои ВАО хабар дод.
Пас аз хулосаи комиссия, ки аз шахсиятҳои арзандаи журналистикаи Тоҷикистон иборатанд, Раёсати Шӯрои ВАО қарори худро дар бораи ғолиби озмун ниҳоӣ хоҳад кард.
Ба ғолиби озмун дар маъракаи вобаста ба Рӯзи ҷаҳонии матбуоти озод - 3 май Ҷоизаи “Эътимод” супурда мешавад.
Фатҳиддини Замон - сармуҳаррири Идораи барномаҳои сиёсии Телевизиони Тоҷикистон, Саидэҳсон Ҷалолиён - муҳаррири варзидаи Идораи барномаҳои иттилоотӣ - таҳлилии Радиои Тоҷикистон, Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ - сармуҳаррири рӯзномаи "Анвори дониш"-и ДДК ба номи А. Рӯдакӣ ва Далери Абдулло - муовини сармуҳаррири рзномаи "Садои мардум" номзаданд.
Аммо, аз ин феҳрист Далери Абдулло номзадии худро пас гирифт. Бинобар ин, номи ӯ ба комиссия пешниҳод намешавад. Далери Абдулло дар саҳифаи фейсбукиаш аз ихлосмандон ва тарафдоронаш изҳорои сипос намуда, навиштааст, ки чанде пеш Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи А. Лоҳутиро гирифтааст ва имсол барояш чунин қадршиносӣ кифоя аст.