Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ду сокини шаҳри Норак бо иттиҳоми сохтани пулҳои қалбакӣ хабар додааст.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, боздоштшудагон 23 ва 17-сола буда, дар моҳҳои март-апрели соли равон бо мақсади паҳн намудан дар бозор аз як шиноси 28-солаашон ба маблағи 7800 доллар купюраҳои 100 доллара гирифта, кӯшиш кардаанд, ки ин пулҳои қалбакии хориҷиро ба ду сокини дигари шаҳри Норак, ки яке 28 ва дигарӣ 41 сола будааст, фурӯшанд, аммо тирашон хок хӯрда, ба чанг афтоданд.
Тафтишоти ин қазия аз ҷониби мақомот идома дорад.