Sebiston new 2024 october
Эҳтиёт бошед! Дар Тоҷикистон рӯзҳои шанбе ва якшанбе чанг мешаваду...
2405

Эҳтиёт бошед!Дар Тоҷикистон рӯзҳои шанбе ва якшанбе чанг мешаваду...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аз тамоми мардуми шарифи кишвар, хоса аз афроде, ки дар қисмати ҷануб, минтақаҳои кӯҳсор ва навоҳии тобеи марказ зиндагӣ мекунанд, хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои истироҳат эҳтиёткор бошанд.

Кумита дар такя ба маълумоти Агентии обу ҳавошиносии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки рӯзҳои 10-12 сентябр дар минтақаҳои кӯҳӣ, навоҳии қисмати ҷанубии кишвар ва ноҳияҳои тобеъи марказ сар задани офатҳои табиӣ аз қабили шамоли пуршиддат, ки дар як сония аз 15 то 20 метр мевазад, чангу хокбориш ва об шудани пиряхҳову омадани сел сел имкон дорад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз шахсоне, ки наздиконашон аз бемориҳои дилу рагҳои хунгарди он, фишорбаландии шараёнӣ, касалии қанд ва аллергия азият мекашанд, хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои истироҳат маризонро бе назорат нагузоранд ва нисбати саломатии онҳо бепарвоӣ зоҳир нанамоянд, зеро тағйирёбии боду ҳаво боиси шиддат гирифтани ин бемориҳо гашта метавонад.
Сайру саёҳат кардан дар кӯҳсор дар рӯзҳои истироҳат хавфнок аст, бинобар ин, кӯҳнавардон ва дигар ошиқони табиат ҳангоми ҳаракат дар пайроҳаҳои кӯҳӣ бояд техникаи бехатариро ҷиддан риоя намуда, бисёр эҳтиёткор бошанд.
Аз ронандагон хоҳиш карда мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ фосиларо нигоҳ доранд, зеро тирагии ҳаво ва чангу хокбориш метавонад боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ гардад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ хавфи об шудани пиряхҳо, омадани сел ва санбориш вуҷуд дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД