Агарчи калимаи "DJ" дар миёни мардум қариб 90 сол пеш истифода мегардид ва каму беш намояндагони касби мазкур пайдо мешуданд, аммо дар кишвари мо ин соҳа хеле дер омад.
DJ нафаре аст, ки дар ҷашну маросимҳо, консертҳо ва дигар намуди чорабиниҳо масъули гузоштани мусиқиҳои гуногун бо табъу завқи мардум аст.
Хушбахтона, чанд соли охир дар кишвари мо ҳам ин касби замонавӣ ва бозоргир хеле рушд кард. Намояндагони касби мазкур яке паси дигаре ба майдон баромада, бо услуби ба худ хос тафовут доранд.
Агар то чанде пеш DJ-ҳо танҳо дар тарабхонаву клубҳои шабона фаъолият мекарданд, ҳоло метавон гуфт, ки доираи корашон хеле васеъ шудааст ва аллакай онҳоро дар баробари сарояндагону барандагон ба тӯйҳо даъват мекунанд. Яъне, DJ ҳоло касби даркорӣ ва серхаридор шудааст.
Яке аз DJ-ҳои муваффақ ва машҳури тоҷик, ки феълан дар консерту барномаҳои фарҳангӣ ӯро хеле зиёд мебинем, ин Муҳаммад Раҳмонов мебошад, ки бо тахаллуси Emre Jan миёни мардум шинохта шудааст. Муҳаммад дар соҳаи худ хеле номдор аст ва ҳоло дар Инстаграм зиёда аз 10 ҳазор обуначӣ дорад.
Emre Jan дар суҳбат бо мо гуфт, ки пеш аз машҳур шудан чӣ кор мекард ва чӣ гуна зиндагӣ дошт.
- Асосан, аз давраи кӯдакӣ ба мусиқӣ алоқа доштам ва сурудҳои гуногунро гӯш мекардам. Мактаби миёнаро дар шаҳри Санкт-Петербург хатм кардаам ва он замон хеле зиёд бо мусиқӣ ҳамроз будам.
Замони донишҷӯӣ дар як ширкат, ки ба истеҳсоли жалюзи ва парда машғул буд, кор мекардам. Баъдан, дар тарабхона ба кор гузаштам. Наздики 10 сол дар ин самт фаъолият кардам. Таъирихи DJ шуданам хеле аҷиб аст. Рӯзе DJ-и корхонаамон ба кор наомад ва маъмур гуфт, ки ба ҳайси ӯ кор кунам. Кор кардам ва ҳамин тавр, ба ин соҳа ворид шудам.
Ман боре ҳам ба касе нагуфтаам, ки ин ҳунарро ба ман омӯзонад, балки худ аз пеши худ ба ин ҷода қадам гузоштам. Ба фикре ҳастам, ки ин гуна касбҳоро аз омӯхтан дида, дидану таҷриба кардан беҳтар аст.
Муҳаммад Раҳмонов илова кард, ки дар аввал дар бораи DJ шудан ҳеҷ фикр намекард, балки замоне мехост ҳавонавард бошад, пасон хоҳиши футболбоз шуданро кард ва боз орзуи ҳунарманд шуданро дар дил парварид, аммо дар охир дар кишвари худ DJ-и муваффақ шуд.