goodwell
Эмомалии Нуралӣ Қаҳрамонии ҷаҳонро бо пирӯзӣ оғоз кард
05.10.2026
Оила
57

Эмомалии Нуралӣ Қаҳрамонии ҷаҳонро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ҷудокори тоҷик Эмомалии Нуралӣ дар нахустин рақобати худ дар Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо бо пирӯзӣ оғоз кард.

Ӯ дар вазни то 66 килограмм бар ҷудокори қазоқ Сунггат Жубаткан рақобат карда, ҳарифашро ҳамагӣ дар 26 сония мағлуб намуд.

Ин пирӯзӣ ба Эмомалӣ имкон дод, ки ба даври навбатии мусобиқа роҳ ёбад ва муборизаро барои медали чемпионати ҷаҳон идома диҳад.

Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор шуда, дар он беҳтарин ҷудокорони ҷаҳон барои медалҳо рақобат доранд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа панҷ ҷудокор намояндагӣ мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД