Рӯзи гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Бино бар иттилои сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон дар рафти сӯҳбат роҳбарони ҳарду кишвар як қатор масъалаҳои ҷории муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россияро мавриди муҳокима қарор дода, масъалаҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.
Ҳарду тараф ҳам аз вазъи вобаста бо сирояти коронавирус, ки дар ҷаҳон то ҳол ташвишовар боқӣ мондааст, нигаронӣ карда, дар хусуси тадбирҳое, ки барои паст кардани хатари паҳншавии КОВИД-19 дар ду кишвар андешида мешаванд, суҳат кардаанд.
“Дар ин замина Президенти Тоҷикистон аҳамияти суръат бахшидан ба ҳамкориҳои ду кишварро дар соҳаи тандурустӣ таъкид карданд. Ҳамчунин, ҷараёни хуби рушди ҳамдастии Тоҷикистон ва Россия дар дигар арсаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, робитаҳои гуманитариву фарҳангӣ ва дар соҳаи таъмини амният қайд карда шуд”, - омадааст дар хабар.
Дар баробари ин, идомаи шарикии ду кишвар самту соҳаҳои гуногун дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди таваҷҷуҳи президентҳо қарор гирифт.