Arzon march 2024
Электробусҳо дар Маскав 120 сол пеш пайдо шудаанд
22.02.2025
Oila.tj
526

Кам нафароне медонанд, ки электробусҳо дар кӯчаҳои Москва ҳанӯз 120 сол пеш баромада буданд. Он замон онро электроминибус меномиданду намуди зоҳирӣ ва ҳаҷмашон дигар тарз буд.

Омнибус гуфта, он вақтҳо нақлиёти шаҳриро меномиданд, ки ба аспон баста шуда буданд. Муҳандис Ипполит Романов қарор дод, ки ин намуди нақлиётро барқӣ гардонад. Мошини сохтаи ӯ 1,5 тонна вазн дошта, 15 мусофирро меғунҷониду дар як соат 11 км ҳаракат мекард.

Ин лоиҳаро дар Гатчинаи Санкт-Петербург санҷиданд, аммо ҳукумати шаҳр онро маблағгузорӣ накард, сармоягузорон бошанд, талаботҳои мушкилро пеш оварданд. Аз рӯйи хабарҳо, рақибони аробакашаш ба ин иқдоми ӯ фишор оварданд.

Соли 1902 дар фабрикаи шаҳри Москва “Дукс” 10 адад электроминибус ҷамъ оваранд, ки ҳамчун нақлиёти меҳмонхонаҳо истифода мебурданд, аммо ин пешниҳод имкони вусъат додан наёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД