Formula novemver 2024
Эклер
1943


                                Маҳсулоти лозима:

Равғани маска – 100 грамм
Тухм – 4-5 дона
Об – 250 грамм
Орд – 150 грамм
Маводи ковокунанда – 10 грамм

                                    Барои малҳам:
Дилала – 1 пачка
Шир – 100 грамм
Ширқиём – 1 банка

                                        Тарзи таҳия:
Зарфро дар оташи паст гузошта, равғани маска, об, орд, маводи ковокунанда меандозем ва каме намак пошида меҷӯшонем, сипас хамири ҳосилшударо дар зарфи дигар гирифта, ба дарунаш тухм меандозем ва хуб омехта мекунем.
Ба қолаб равған молида, қоғази пергамент тунук мекунем ва хамирро дар халтаи кондитерӣ гирифта, дар қолаб аз хамир гул мемонем. Эклер дар тафдон дар ҳарорати 180 дараҷа то пӯхтанаш меистад. Барои малҳам дилала ва ширро бо миксер лат мезанем, пасон ба дарунаш ширқиём илова карда, лат заданро идома медиҳем.

Эклер, ки пӯхт аз байнаш каме сӯрох мекунем ва малҳамро ба дарунаш мерезем.

Эклер, ки омода шуд ба болояш мувофиқи табъи худ метавонед хокаи шакар, шоколад ё ширқиём рехта истеъмол кунед.
Иштиҳои том ба шумо!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД