Баъзан табиат метавонад бо одам “шӯхӣ”-и хеле бераҳмона кунад. Марде, ки дар асри 19 зиндагӣ мекард ва номаш Эдвард Мордрейк буд, қурбонии маҳз ҳамин гуна «шӯхӣ»-и бераҳмона гардид.
Вай вориси яке аз оилаҳои бонуфузи Англия буд. Ӯро шахсияти дурахшон, дилрабо ва бомаърифат медонистанд ва ҳар касе, ки мешинохт, мегуфт, ки ӯ зирак аст. Асбобҳои мусиқӣ менавохт ва соҳиби истеъдод буд.
Мегӯянд, ки ӯ хеле зебо буд, аммо аз деформатсияи сахт азоб мекашид. Дар пушти сараш чеҳраи дуюм дошт ва ҳар касе, ки онро медид, иддао мекард, ки ин чеҳра нафратовар аст ва гӯё бадиро дар бар мегирифт. Бечора Эдвард аз бемории нодир бо номи Craniophagus Parasiticus азият мекашид. Ин вақте рух медиҳад, ки косахонаи дугоникҳои ба ҳам пайвастшуда дар як бадан муттаҳид мешаванд. Мегӯянд, ки чеҳраи дуюм ҳеҷ гоҳ намехӯрду сухан намегуфт, аммо табассум мекард ё абрӯяшро мекашид ва чашмонаш аксар вақт аз пайи касе мерафт. Лаб ҷунбонида, хомӯшона чизе мегуфт беист.
Ҳарчанд касе аз забони шахси дуюм ҳарфе нашунид, Эдвард Мордрейк қасам хӯрд, ки аксар вақт шабона ӯро пичирросзании чеҳраи дуюм бедор мекунад. Эдвард аз табибон илтиҷо кард, ки “чеҳраи девона”-и ӯро ҷарроҳӣ кунанд. Ӯ гуфт, ки шаб ӯро аз хоб бедор мекунад ва ба ӯ суханони даҳшатнок мегӯяд.
Бо вуҷуди таҳти назорати шадиди табибон будан, Эдвард дар синни 23-солагӣ худкушӣ кард. Пас аз маргаш номае ёфт шуд, ки дар он дархост шудааст, то "чеҳраи шайтонӣ" пеш аз ҷанозааш бардошта шавад, то "ин пичирросзании даҳшатноки худро дар гӯри ман идома надиҳад".
Эдвард Мордрейк, чунон ки мехост, дар як майдони холӣ, бе санги қабр ба хок супурда шуд. Ҳеҷ кас намедонад, ки табибон хоҳиши охирини ӯро иҷро карданд ё на.