goodwell
Ё тавба (ҚИСМИ 3)
107

Худи келинчак омада хонаи холаи Латофатро ба сараш бардошт. Ҳамон вақт келинчак ҳомила будааст. Ҳа, гуфтагӣ барин, он зан ба шумо дар бораи ман ягон чиз гуфт, ки табъатон хира шуд?

- Ҳа мардумро медонед-ку. Савора бошед ҳам гап мезананд пиёда бошед ҳам. Дар бораи Шумо ҳар чиҳо гуфт, духтари хоҳарашро келин накарда Шуморо келин карданам ба ӯ алам кардааст.

- Э монед, одамо ҳарчӣ гуфтан мегиранд. Ҳа, гуфтагӣ барин рӯзи дароз дар хона танҳо нишаста зиқ мондагистед. Модаратонро диданӣ рафтанӣ будед, нарафтед? Ҳозир либосҳоятонро пӯшеду равед. Онҳо ҳам кай духтарам меояд гуфта чашм ба роҳ мунтазири Шумоянд.

- Рафтани будам холаҷон, лекин акнун ҳоло ду-се ҳафта намеравам. Эҳтиёт мекунам, - табассуми малеҳе карду суханашро идома дод келинчак, - Ҳа минбаъд даҳони холаи Латофатқаланфур ҳам баста аст, дигар касе ба мо чизе гуфта наметавонад.

- Нафаҳмидам, кушоду равшан гап занед. Ба гапатон сарфаҳм нарафтам.

- Ман ба Шумо хушхабаре дорам, ки аз шунидани он хабар абадан шоду хушҳол мегардед. Пӯскандаи гап ҳамин, ки холаҷон Шумо ниҳоят баъди солҳои тӯлонии интизорӣ бибӣ мешавед.

- Чӣ? Бибӣ мешавам? Келин, боз маро фиреб накардаистода бошед? - аз шодии зиёд чӣ гуфтанашро надониста монд Гулбибӣ. Гӯё ҳозир шодикаф мешуд.

- Эҳеее, холаҷон наход ба ман бовар накунед!? Агар фиреб мекардам ҳафт сол инҷониб фиреб мекардам. Ҳа, хайр, ман ку фиреб карданам мумкин, аммо ба ин чӣ мегӯед? - тестеро аз руймолчааш гирифта нишон дод Маҳина.

- Вай мурам,- тестро аз дасти келинаш гирифта ба чашмаш наздик кард Гулибибӣ. Ба лабонаш табассум давид, чеҳрааш гулгун шуд. Дар баданаш ҳам ваҷаррос мурғак дамид.

- Рост. Ба чашмонам бовар намекунам. Ниҳоят ман ҳам соҳиби набера мешавам,- хушҳолона иброз намуд кампир.

- Бале модарҷон ниҳоят ман ҳам модар мешавам. Бовар кунед ҳар касе, ки маро чизе гуфт, яъне нозой гуфт, бепушт гуфт, бахшидам, дар дил кина намегирам, охир дар батн кӯдак дорам,- табассум мекард келин.

                                                             ***

- Гулбибӣ акнун бо сари баланд, ба ҳар каси «навгонӣ» пурсанда мегуфт, ки «келинам ҳомиладор аст.» Ҳомиладоршавии келинаш забондарозии Гулбибӣ гашт.

-   Аз байн нуҳ моҳ сипарӣ шуд. Давраи ҳомиладории келинчак хеле хуб гузашт. Маҳина якбора соҳиби як не, ду не, се не, чор кӯдак шуд. Ӯ ду писару ду духтар таваллуд кард. Шодии Маҳинаву Гулбибиро ҳадду канор надошт. Ӯ ба ҳар каси пешорӯяш омада,- келинам чоргоник таваллуд кард,- гӯён шодиёна медод ва меафзуд «гуфтамку сабр кардан талху душвор бошад ҳам меваи ширин дорад».

Аз чоргоник таваллуд кардани Гулбибӣ ҳама дар ҳайрат афтода буданд. Охир дар ҳафт соли интизории фарзанд якбора соҳиби чор кӯдак шудан ба ҳар кас ҳам муяссар намешавад. Баъзе нафарони хушзавқу хуштабъ «Гулбибӣ келинат якбора нақшаи ҳафтсолинаро пур кард» мегуфтанд шӯхиомез.

(Давом дорад)

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД