ИДОМААШ...
Рӯ ба мусофират
Бо гузаштани як моҳ Дилҷӯ бо падару модараш маслиҳат карда ба Арабистон парвоз намуд. Дар фурӯдгоҳ ӯро Гулен истиқбол гирифта ба мошини қимматбаҳои сиёҳшишае савор намуда ба роҳ баромад. Бо гузаштани ним ё як соат онҳо назди қасри бошукӯҳе қарор гирифтанд. Бо роҳбаладии Гулен ӯ ба хона даромад, бино як музейи муҳташамро мемонд. Ҳангоми ба хона даромадан онҳоро ду хизматгорзани пастқомати ба чиниҳо монанд пешвоз гирифтанд. Гулен онҳоро ба Дилҷӯ шинос карда гуфт:-Инҳо Робия ва Руъё хизматгорони ин қасранд, яке ба тозагӣ ва дигаре ба пӯхтани хӯрок муазаффанд. Нав фаҳмидам, ки чиниҳо ҳам номҳои тоҷикӣ доштаанд, шухӣ кард Дилҷӯ. Гулен бо ханда гуфт, инҳо на чиноӣ балки филлипинӣ ҳастанду номҳояшон ҳам дигар, аммо хӯҷаин ба эшон номҳои арабӣ мондаанд. Руъё ва Робия аслан номҳои арабие ҳастанд, ки дар дигар мамолики мусулмонӣ низ роиҷанд. Дилҷӯ ба хизматгорзанҳо нигарист, ки бо табассуми малеҳ, вале кунҷковона ба ӯ нигоҳ мекарданд. Гулен Дилҷӯро ба ошёнаи дуюм ба ҳуҷраи барҳавое дароварда гуфт, ки ин ҳуҷраи туст як ду рӯз истироҳат намо баъд хуҷаин меояд сӯҳбат мекунед. Бо хизматгорон бо ангилисӣ ва арабӣ ҳарф зан онҳо ҳардуи ин забонро медонанд. Гулен ҳайру хуш карда рафт, Дилҷӯ ба волидонаш занг зада сиҳату саломат расиданашро гуфту як финҷон чойи кабуд нушида сарашро ба болин монд…
Шоҳдухтари қаср
Субҳ вақте Дилҷӯ аз хоб бедор шуд, офтоб як қадди найза боло шуда буд аз тирезаи хонааш ба поён нигариста ду мардро дид, ки гулу гиёҳи рӯйи ҳавлиро обёрӣ мекарданд. Ӯ шустушӯ карда оҳиста-оҳиста поён фаромад… яке аз хизматгорон тирезаҳоро бо латтае пок мегарду дигарӣ ӯро дидан замон бо забони арабӣ гуфт:- субҳ ба хайр хонум марҳамат ба толори хӯрокхӯрӣ ноштоятон тайёр аст. Дилҷӯ бо ханда ба онҳо салом дода гуфт:- Ту Робияӣ? Не ман Руъё бо табассуми ширин ва Дилҷӯро ба ошхонаи зебое даровард, ки танҳо дар филмҳо дида буд. Руъё ширбиринҷи бомаззае пухта буду чандин намуди ширинию гушту боз дигар чизҳо рӯйи дастархонро зеб медоданд. Дилҷӯ камтарак ширбиринҷ хӯрда Руъёро таклиф кард, ки бо ӯ бишинад. Аммо хизматгор гуфт:-Хонум мо бо меҳмонҳои хуҷаин намешинем, мо ошхонаи алоҳида дорем. Дилҷӯ бо ханда гуфт, ман ҳам мисли шумо мусофир ҳастам, хуҷаин нестам ку?! Мо тоҷикон хӯрокро танҳо намехӯрем, биё шин… Аммо Руъё бо меҳрубонӣ хоҳиши Дилҷуро рад кард. Дилҷӯ пас аз наҳорӣ бо роҳбаладии Робия ба тамошои қаср пардохт, Робия аз Руъё дида кушодатар буд ва аз ӯ Дилҷӯ хеле чизҳоро фаҳмид. Хизматгор ба ӯ нақл кард, ки дар ин қасри ҷаноби Судайс чор нафар хизмат мекунанд. Ду зан ва ду мард, яке аз мардҳо дар баробари нигоҳубини ҳавлӣ боз ронанда ҳам будаасту чизе даркор шавад меовардааст. Ин қаср барои меҳмонҳои хосаи ҷаноби Судайс аст, занҳо дар ин тараф ва мардон дар тарафи дигари ҳавлӣ ҷойгир мешаванд. Дилҷӯ аз Робия пурсид, ки дар қасар занони бисёр меҳмон мешаванд, Робия дар ҷавоб гуфт:-Инро гуфта наметавонам...
Дилҷӯ дар баробари духтари покизаю меҳнатӣ будан, хеле ҳарису чизпараст буд ва за дидани чунин ҷоҳу ҷалол пеши ҳуд азам кард, ки бо кадом роҳе набошад дили Судайро меёбаду зани бигузор ҳафтуми вай мешавад!
Ташрифи Судайс
Дилҷӯ ду рӯзи дигар ҳамин гуна истироҳат карда худро чанде малики қаср тасаввур кард, ки Гулен омада хабар овард, ки ин бегоҳ Судайс меояд. Дилҷу ду соат назди оина истода худро орою торо дод ва барои бештар дар ҳайрат намудани ошиқи сепулаш куртаю поҷомаи атлас ва рӯймол пӯшида интизори омадани вай нишаст. Робияву Руъё бо меҳр хӯрокҳои дилхоҳи хуҷаинашонро тайёр мекарданд, хулоса ҳама мунтазири ташрифи ҷаноби Судайс буданд. Шом чодари сиёҳи худро болои ин шаҳри гарму тафсон мекашиду оламро торикӣ фаро мегирифт, ҳамин вақт мошини сафеди зебое болои ҳавлӣ қарор гирифту Судайс бо либоси хоси мардони араб аз он фаромад. Ҳамроҳаш ду муҳофиз низ буданд. Судайс бо Дилҷӯ хеле гарм вохӯрӣ карда чун расми аврупоиён аз дасташ бӯсид. Дилҷӯ гумон дошт, ки Судайс талаби ҳамхобагӣ мекунад ва ӯ ҷавоби муносибе низ тайёр карда буд. Дилҷӯ мехост ба Судай гӯяд, ки ман бе никоҳ ҳаргиз ба бистари ту намедароям, ҳарчанд ту ягона марде ҳастӣ, ки дасти маро дошта аз пешноию дастонам бӯсидаӣ. Аммо Судайс бепарво аз бистару бӯсу канор гуфт:-Дилҷу ту дар ватанат коллеҷи тиббиро хатм кардаӣ, духтари хушзеҳн будаӣ, ки бо англисию туркӣ ин қадар хуб ҳарф мезанию дар як муддати кӯтоҳ арабиро низ омӯхтӣ. Агар розӣ бошӣ ман туро ба донишгоҳи тиббии бонуфузтарин дар Лондон шомил мекунам. Панҷ сол дар Англия зиндагӣ карда табиби шахсии худи ман мешавӣ… Дилҷӯ бо ҷону дил розӣ шуд ва як ҳафта пас аз ин гуфтугӯ онҳо якҷо ба Англия парвоз карданд. Дилҷӯ пеш аз сафар ба падару модараш занг зада аз ин иқдоми ҷаноби Судайс онҳоро бохабар намуда ва аз корти ба номаш кушодаи араби пурмуаммо панҷ ҳазор доллар гирифта ба эшон фиристод. Модару падараш ба вай насиҳат мекарданд, ки ғами онҳоро нахӯрда худаш хуб хонаду дили Судайсро ёфта ба ӯ хонадор шавад. Падараш бо меҳрубонӣ гуфт:-Дилҷон, ғами моро нахӯр, мо аз ҳисоби тиҷорати ду мағоза пули хуб меёбем. Зиндагии шоҳона дорем, ту ғами худатро хӯр духтарҷон. Бечора падарҷонам, ту аз куҷо медонӣ, ки ҳоло духтарат дар корташ пули даҳ мағозаи хӯроквории туро дорад, панҷ ҳазор доллар барояш панҷ сомонӣ барин аст…
Ашрофзода
Дар Англия Судайс ӯро ба хонаи дуошёнае бурд, ки мисли хонаи ашрофзодаҳои қадим ороиш дошт. Онҳо дар табақи тиллоӣ хӯрок мехӯрданду дар финҷони нуқрагӣ чой менӯшиданд. Дар ин ҷо танҳо ду хизматгор буду халос, ки бо забони ангилисӣ гап мезаданд. Судайс баъди ду рӯзи истироҳат ҳуҷҷатҳои Дилҷӯро ба бонуфузтарин донишгоҳҳои тиббӣ дар аврупо супориду ӯро ба квартираи панҷҳуҷрагие бурд, ки ҳамагӣ як кӯча боло аз донишгоҳ воқеъ шуда буд. Хона бо стили аврупоӣ оро дода шуда буд, вале ду ҳуҷраи он ба назари Дилҷӯ хеле зебо буданд. Судайс яке аз онҳор ба хонаҳои миллии тоҷикӣ ва дигереро ба хонаи миллии арабҳо монанд карда буд. Ҳуҷраи тоҷикӣ қолини зебои сурхи ҷигарӣ якандозҳои бахмали сабз ва даҳ болиши ҳамранги он дошту болои хонтахтаи мунаққаш чойники машҳури қаранфулгули зебо чор пиёла ва тақсимчаҳо бо гулҳои миллӣ меистоданд. Судайс тамоми шарту шароити хонаро ба Дилҷӯ фаҳмонда доду худаш пайи иҷрои корҳояш ба шаҳр баромад. Ҳамин тавр Судайс як ҳафта бо Дилҷӯ монд, ӯ духтарро ба оғӯш мекашид аз бари рӯ ё пешонааш мебусид, шӯхӣ мекарду механдид, аммо то ҳол завқашро чун як мард ба Дилҷӯ нишон намедод. Судайс ба нею нестони духтар нигоҳ накарда барояш зани миёнсоли яҳудиеро ба ҳайси пешхизмат гирифт. Дилҷӯ аз таҳти дил ба хондан камар баст…
(Давом дорад)