Модаркалони порсоям ҳамеша мегуфтанд, ки «Ҳар касе ба ошиқӣ шў кард, деги сияҳа дар рўй парў кард». Ростӣ, он вақтҳо сармасти ишқи ҷавонӣ ба модаркалонаму суханонаш механдидам, аммо имрўз доман-доман ашк мерезам, зери сояи он «деги сиёҳ»-е, ки худам дар рўям парў кардам…
Бойдухтар
Ман дар оилае ба дунё омадаам, ки хеле сарватманд ба ҳисоб мерафт, ҳафт амаку як амма доштам, худам духтари ягона ва калони оилаамон будам ва панҷ додар доштам. Амакҳоям ҳамагӣ мансабдори калон буданду дар шаҳрҳо зиндагӣ мекарданд, хонаву дари барҳавои падарӣ насиби оилаи мо буд. Падари ман тоҷир буду дар ноҳия чанд мағоза дошт, зиндагии шоҳона доштем. Модарам ҳамеша дар хизмати хусуру хушдоман ва хонаи сермеҳмон банд буд. Ман ҳам баробари ў кор мекардаму аз тамоми ҳунарҳои занона аз айёми хурдӣ бархӯрдор будам. Дар авлоди мо духтаронро хондан намемонанд, аз ин рў, ман ба хондан чандон майл надоштам.
Дар синфи ҳаштум мехондам, ки ба як камбағалбачаи деҳа ошиқ шудам, волидонам аз ин ишқ умуман норизо буданд. Бароям аз хонаводаҳои баобрў хостгор меомад, аммо ман ба паймоне, ки бо Суҳайл баста будам, устувор будам.
Модарам дид, ки зӯраш ба ман намерасад, ба сарам даст ҳам бардошт ва ман қаҳр карда, ба хонаи аммаам рафтам. Медонистам, ки гапи аммаам дар байни бародаронаш қонун аст ва аз ў хоҳиш кардам, ки ба ман кўмак кунад. Ба аммаам гуфтам, ки агар маро ба Суҳайл надиҳанд, худам ба хонаашон меравам. То ҷое медонам, волидони дўстдоштаам низ ба ин издивоҷ розӣ набуданд, вале ишқ ғолиб омад. Ман ду соли дарози бо Суҳайл гаштанам ба хонаи онҳо он қадар гӯшту равғану ширинӣ мефиристодам, ки ногуфтанӣ ва оқибат бо домоди зархарид хонадор шудам. Рўзи туям амакҳоям бо ахми рў буданду падару модарам рўҳияи идона надоштанд, маъракаро аммаам роҳбарӣ мекард, вале маро кай парвои онҳо буд, муҳимаш ман ба мақсадам расидам.
Зиндагӣ гарм асту сард аст
Хушдоманам зани зебои тозарўзгор маро аз рўзи аввал дўст медошт, зеро ман ҳамеша меруфтаму мешўстаму мепўхтаму як ҷо наменишастам. Хусураму ду ҳеварам, ду хоҳаршўям он қадар рўйи хушам намедоданд, Суҳайли аз аввал ошиқи зор муносибаташро бо ман дигар кард. Ў ҳамеша маро таъна мекард, ки хешу табори ту маро одам намедонанду фалону бисмадон, ман ҳам лаб зери дандон ба ҳамааш тоқат мекардам. Ҷанг сар шуд, панҷ амакам қурбонии ин ҷанги беамон гашт, ду амаки дигарам ба деҳа баргашта, бемору ғамзада буданд, падарам низ. Дар ҳамин ҳангом шавҳари ман ба тиҷорат машғул шуду пулдор гашт ва ба рўйи дили ман по гузошт, ман пайи ҳам соҳиби чор духтарча шудаму номам дар даҳони шавҳарам духтарзой буд. Азбаски хеле баномусам, кўшиш мекардам шаттаю шалоқ ва таънаю тағораи ҳамсараму пайвандонашро ба волидонам нагўям.
Дар ин миён бибиву бобоям вафот карданд, ман ҳамоно сарам хам дар хизмати пайвандони шавҳар будам. Суҳайлро дўст медоштам, бо ҳама ҷабру ҷафоҳои дар зиндагӣ додааш ва ба умеди рўзҳои нек зиндагиямро идома медодам. Аммо рўзам бадтар шуду хубтар не…
ШОДИЯ, шаҳри Бохтар
Таснифи Нисо ХОЛИД