arzon replenishment
Дуздии тилловорӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?
2468

Салом! Ман зани худотарсу боимон ҳастам ва дар умрам боре ҳам ба молу чизи каси дигар чашм ало накардаам, вале чанд шаб боз хоб мебинам, ки аз хонаи хешу табор ё бегонаҳо гушвору гарданбанди тиллоӣ дуздида истодаам. Ман аслан парвои зару зевар надорам ва ҳайронам, ки чаро чунин хобҳои даҳшатнок медида бошам. Мехоҳам таъбири хобамро донам.

Бибигул аз шаҳри Ваҳдат

Аслан тилло хоб дидан ба макру ҳилла ва роҳ додан ба хато ишорат мекунад, аммо ба даст гирифтани ороишоти тиллоӣ фоли хуб аст. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, корҳояш бобарор гашта, дар ҳаёт муввафақу комёб хоҳад гашт.

Зан вақте хоб бинад, ки ороишоти тиллоӣ дар даст дорад, дар зиндагии реалӣ соҳиби мақому мартаба гашта, дар байни мардум обрӯю нуфуз пайдо мекунад. Тилловорӣ дар хоби зан ҳамчун рамзи бахт низ таъбир карда мешавад. Дар баъзе хобнома омадааст, ки агар зан ё духтар хоб бинад, ки гарданбанд ва ё ангуштарини тиллоӣ дуздидааст ва ё касе чунин ороишотро барояш ҳадя кардааст, бо марди сарватманде издивоҷ мекунад.

Аз даст додани ороишоти тиллоӣ дар хоб чандон хуб нест. Зане, ки дар хобаш ороишоти тиллоиро аз даст медиҳад, метавонад бахти худро аз даст дода, оилавайрон шавад.

Ёфтани кон ё сандуқчаи тилло дар хоб бисёр хуб буда, шахсе, ки чунин хоб мебинад, дар зиндагӣ бисёр хушбахт мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
чаха 2023-07-11, 15:40
дар хоб писарам гиря дорад
Посух
Нигора 2023-11-06, 02:50
Ман факта Тило хоб мебинем дуздидаам?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
чаха 2023-07-11, 15:40
дар хоб писарам гиря дорад
Посух
Нигора 2023-11-06, 02:50
Ман факта Тило хоб мебинем дуздидаам?
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД