Formula novemver 2024
Дуздии ҷияни занамро бахшам?
29.06.2024
ОИЛА.ТҶ
1026

Дуруд ба хонандагони азиз! Мехоҳам зиндагиномаамро бароятон нақл кунам.

Дар мулки рус солҳост муҳоҷирам. Бо меҳнати сангин пул кор карда, ба Ватан равон мекунам. Ҳамсарам, ки зани бохирад аст, ҳамаи пулҳои равонкардаамро пинҳон карда, дар ин солҳо маблағи хонаи якҳуҷрагиро ҷамъ кардааст. Аммо моҳе пештар ба хонаамон дузд медарояду ҳамаро зери мушту лагад гирифта, захираи бо нӯги сӯзан ҷамъкардаи моро мерабояд.

Вақте падарам ба кормандони милиса муроҷиат мекунад, милисаҳо дар муддати кутоҳ дуздро ёфтанд. Дузд ҷияни ҳамсарам, писари 19-солаи апааш будааст. Ин ҷавонписар бекор асту фақат рӯзашро бо дуздӣ мегузаронад. Ҳамон шаб ба рӯяш ниқоби сиёҳ мекашаду холаи ягонаи худро зери мушту лагад мегирад. Пули дуздидаашонро мусодира карда нашуд, чунки сардори гуруҳи дуздҳо маблағро гирифта, ба кадом шаҳри Русия гурехтааст.

Хуллас, ҳоло мурофиаи судии ин дузди касиф рафта истодааст. Ман айни замон дар Ватан қарор дорам. Ҳамсарам зорӣ дорад, ки аз гуноҳи ҷиянаш гузарам. Ман не мегӯям. Байни мо бо ҳамин сабаб якум бор ҷанҷоли оилавӣ сар задааст. Ҳамсарам ҳатто таҳдид дорад, ки агар писари апаашро аз озодӣ маҳрум кунанд, ӯ баромада, ба хонаи падараш меравад. Ман бошам, он қадар алам дорам, ки... Меҳнати сангини муҳоҷиратро худатон медонед.

Ба фикратон ман бояд чӣ кор кунам?

Х. Б.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД