arzon replenishment
ДУЗДИ ЗӮР СОҲИБИ МОЛРО БАСТААСТ
1421


Ҳодисаҳои дуздию авбошӣ вақтҳои охир дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атроф тез-тез рӯй дода, боиси зарар дидани шаҳрвандон мегарданд. 

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки санаи 15  июни соли ҷорӣ ду ҷинояти мардумфиребӣ ва боздошти як зану як мард ошкор шудааст. 

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 29-солаи сокини ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 12-уми майи соли равон, як зани 40-солаи сокини ҳамин ноҳия ӯро фиреб дода пулу мошинашро гирифта дигар барнагардонидааст.

Ба гуфтаи ин мард, зани 40- сола ба бовариаш даромада, 800 доллар ва як адад автомашинаи тамғаи “Тайота-Каролла”-ро, ки 24 ҳазору 500 доллар арзиш дошт, гирифта, ваъда додааст, ки баъд аз 2-моҳ маблағу мошинро бармегардонад, вале бо ҳамин бедарак гаштааст.

Кормандони милитсия ҳамчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ як марди 31-солаи сокини шаҳри Душанберо бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир намудаанд. Номбурда моҳи майи соли 2017, дар кӯчаи Қаҳҳорови пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҳамробоеви шаҳри Конибодом даромада, аз ӯ 35 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Дар ҳоли ҳозир, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД