arzon replenishment
Дузди беинсоф Қисми 2
11.09.2022
Нисо
2121

                             Пуштибони дузд

Ғайр аз чизу чораи ман ин қадар сирҳои ин дуздак фош шуд, ки ногуфтанӣ, аммо модарам намонданд, ки мо як хаси дуздидаи ӯро беҷо кунем. Апаам бо модарам ҷанг кард, ки ту ба хотири набераи акаат будани ин дузд ҳаёти додарамро месӯзонӣ, вале модарам дар ақидаи худ устувор буд. Ману апаам шаб вақте модарамро хоб бурд, нисфи чизҳои маро аз сандуқи дуздак гирифтем. Дуздии янгаам дар деҳа овоза шуд, аммо ӯ гӯё чизе нашуда бошад, ором аз пайи зиндагияш шуд. Ӯ медонист, ки мо аз дуздиҳояш огоҳем, аммо худро ба нодонӣ мезад. Солҳо гузаштанду янгаам соҳиби чор фарзанд шуд, ҳамаи фарзандонаш бемору ноқисулақланд. Ҳамин ҷо низ модарам ӯро пуштибонӣ намуду нагузошт, ки акаам талоқашро диҳад. Мо низ ба хотири модарам паноҳи ӯро ба Худо супоридем ва Худованди аз ҳама огоҳ ҷазои ӯро дод. Барои дар мурдани касе хурсандӣ кардан, чӣ қадар пасту разил бояд буд. Мо ҳаргиз аз фоҷиаҳои ба сари янгаам омада хурсанд набудем, аммо модараш сиёҳпичча шуд, зани бародараш чор кӯдакашро партофта, хонаи бесаробони онҳоро тарк гуфт. Боз як хоҳару як додари ноболиғаш ҳам азоби бемодарӣ мекашиданд. Мо ки дар хунамон дилсӯзию меҳрубонӣ ҳаст, ҳама корашро фаромӯш кардем, бахшидемаш, ҳарчанд медонистем, ки ҳоло ҳам дуздӣ мекунад. Акнун мо ҳама пушти зиндагии хеш будему хонаву хони падарӣ ба вай монда будаанд, ӯ пинҳонӣ аз чашми модари пирам бо як дугонааш, ки келини ҳамсояамон аст, чизе чораи хонаводаамонро муш барин медуздид. Ин бераҳм нолаи нони кӯдакони маъюби худро дуздида, ба хонаи падараш ба хоҳаронаш ба дугонаҳояш медод, аммо Худованд шармандааш кард…

                               Қудоҷанг

Тағоям дар шавҳар додани набераҳояш хеле фаъол буд ва бо ташаббуси ӯ як ҳамдеҳаи дигарамон хоҳари хурдии Шаҳлоро келин кард. Ба қавли ҳамдеҳаҳоям «данг»-и Шаҳлову Раъноро маҳз хоҳаршӯйи Раъно Гулбону баровард. Раъно, ки мисли апаҳову холаҳояш бемории ирсии пайвандони шавҳарро бад диданро дорад, омадан замон табли ҷангро зад. Ҳама модари ман нестанд, ки келини дуздро солҳои сол гирифта гарданд, Раънои бадгапи ҷангараро дар арӯсияш талоқ карда, бурда дар хонаашон расониданд. Гулбону ба хонаи мо омада, Шаҳлоро зери мушту лагат мегирад, ки ту зани додарамро гап нишон дода, хонавайрон кардӣ. Модарам дар байн даромада, Гулбонуро аз Шаҳло, ки ҳоло пойҳояш дарманданду ба зӯр роҳ меравад, халос мекунад. Гулбону ба тамоми овоз аз ин сари деҳа то он сари деҳа дод мезанад, ки “мур ту чулоқи дузд, дар як соати дар хонаи падарам будани ман чор литр асал дуздида равон кардӣ!” Гӯшти хомро ҷудо дуздида мефиристодиву пухтаро ҷудо, оё мо гадоем, нони хӯрдан надорем, ки шиками хоҳари рӯбоҳи туро сер кунем. Мардуми қишлоқ ба тамошо баромаданд, ман инро шунида, давдавон хонаи модарам рафтам, боз нангам омад, ки Гулбону чӣ ҳақ дорад, ки зани бародари маро дар хонаи худамон зери мушту лагад мегирад?! Бародаронам бо кор ба Душанбе рафта буданд, аз дарвоза даромадам, Шаҳло бо аҳволи парешон фиқ-фиқ мегиристу модарам мегуфт, “аз ҳамон асал як кас як пиёла нахӯрда буд, наход ҳамаашро дуздида, хонаи хоҳарат фиристӣ”...

Маро дидан замон модарам гӯё ягон бегона омада бошад, гапро дигар кард, ба авзои парешону гирёни янгаи беморам нигариста, зимистону пойҳои лучам пеши назар омаданд. Ман аз тарси шарманда нашудан, ҷӯробҳои тунукро шӯста, назди бухорӣ хушк карда мепӯшидам, то он замоне, ки апаҳоям хабаргириям рафтанду аз гум шудани чизу чораам хабар ёфтанд…

Худо аз дили ҳар бандаи муъмин огаҳ асту бадкор ҷазои худро дар ин дунё мебинад.

Қутфия

Таснифи Нисо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД