Arzon march 2024
Душанбе мизбони ширкатҳои сайёҳии ИДМ аст
3634

Дар меҳмонхонаи “Ҳайат Реҷенси”-и шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони “Марҳилаи нави ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ байни давлатҳои иштирокчии ИДМ” ҷараён дорад. Дар ин бора Зуҳро Сандалова, сармутахассиси шуъбаи котиботи Кумитаи рушди сайҳӣ ба Oila.tj хабар дод.

Хонум Сандалова гуфт, дар маросими ифтитоҳи расмии Форум муовини Сарвазири мамлакат Матлубахон Сатториён, роҳбари Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Дмитрий Кабитский, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муъминзод, намояндагони соҳаи сайёҳии кишварҳои иштирокчии ИДМ, коршиносон, масъулини вазорату идораҳои дахлдор ва ширкатҳои сайёҳӣ ширкат доранд.

“Дар кори Форум ширкатҳои сайёҳии Русия, Доғистон, Қазоқистон, Узбекистон, Белорусия, Тоҷикистон ва чанди дигар иштирок доранд. Ҳамоиш ду рӯз давом мекунад. Рӯзи аввал се панел доир шуд: таъсиси маҳсулоти муштараки сайёҳӣ дар фазои ИДМ; рақамикунонии хизматрасониҳои сайёҳӣ дар фазои ИДМ ва рушди кластерҳои сайёҳӣ дар фазои ИДМ. Аллакай миёни ширкатҳои сайёҳии кишварҳои иштироккунанда шартномаҳои ҳамкорӣ ва изҳороти муштарак қабул гардид”, - гуфт масъули бахши котиботи Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Зимни вохӯрӣ таҳкими ҳамкориҳо дар самти рушди сайёҳӣ дар миёни кишварҳои узви ИДМ баррасӣ шуда, кишварҳои иштирокдор бо пешниҳои намоишнома ва нақли таҷрибаи худ табодули таҷриба намуданд. Масъалаи таъсиси хатсайрҳои сайёҳии муштарак аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот аст.

Ба иттилои Зуҳро Сандалова, имрӯз соати 16:00 дар Боғи “Ирам”-и пойтахт намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва имкониятҳои сайёҳии кишвари мо таҳти унвони “Душанбе – шаҳри имконоти рушди сайёҳӣ” доир мегардад.

Пагоҳ, 8-уми сентябр, ҳайати иштирокдорон дар ду хатсайр ба тамошои мазеъҳои сайёҳӣ хоҳанд рафт. Аз рӯи як хатсайр ширкатдорон ба ангурбоғи боғи “Сомон”-и шаҳри Турсунзода ва гуруҳи дуюм ба Нерӯгоҳи барқӣ – обии “Норак” мераванд.

Сандалова гуфт, интизор меравад, ки ширкаткунандагон харитаи роҳро барои рушди кластерҳои сайёҳӣ дар ИДМ таҳия кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД