arzon replenishment
ДУШАНБЕ: МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ ИНСТИТУТИ ИҚТИСОДИЁТ ВА ДЕМОГРАФИЯИ АМИТ ИФТИТОҲ ГАРДИД!
1108

Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи маркази таълимии Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар доираи лоиҳаи «Таҳкими омори демографӣ дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ карда мешавад, Хазинаи Нуфуси СММ (ЮНФПА) дар бинои Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази мукаммали таълимиро таъсис дод, ки бо таҷҳизоти компютерии дорои барномаҳои муосири компютерӣ (чун “Eviews” ва “Stata”) таъмин мебошад.

Дар расми ифтитоҳи маркази таълимӣ ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин - Фролов, Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода, Директори кишварии ЮНФПА Ю Ю (тариқи онлайн), Роҳбари дафтари UNFPA дар Тоҷикистон Наргис Раҳимова, инчунин кормандони ташкилотҳои дар боло зикршуда ва намояндагони ВАО ширкат намуданд.

"Дар рӯҳияи шарикии стратегӣ ва ҳамрайъӣ Россия барои рушди Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаи омори демографӣ, ки дар ташаккули сиёсати иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ барои солҳои оянда нақши калидӣ дорад, дастгирии бебаҳо мерасонад", - зикр намуд Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Семёнович Лякин - Фролов.

Маркази нави таълимӣ дорои таҷҳизоти муосир, аз ҷумла 16 адад компютер, 2 адад принтер, системаи видеоконфронс, тахтаи интерактивӣ, проектор, инчунин кондитсионер ва мизу курсиҳои корӣ мебошад. Илова бар ин, ЮНФПА 16 литсензияи таъминоти барномавии “STATA” ва 16 литсензияи таъминоти барномавии “Eviews” - ро ба даст овард.

Ҳамчун қадамҳои минбаъда ЮНФПА барои таҳкими иқтидори таҳлилии шарикони миллӣ барномаҳои самараноки омориро барои беҳтар намудани пешгӯиҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ, воситаҳои моделсозӣ, коркарди маълумот, визуализатсияи омор ва ҳисоботи автоматӣ татбиқ менамояд. Дониши бадастомада барои таҳлил ва пешгӯии маълумот дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ барои гузаронидани тадқиқот - пурсишҳо истифода шуда, баҳри таҳияи сиёсатгузории миллӣ дар асоси таҳлилҳо мусоидат мекунад.

Дар расми ифтитоҳ зикр гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Россия барои дастгирии ин лоиҳа 2,15 миллион доллар ҷудо гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД