Шоми 11-уми декабр дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фоҷиаи хунин ба вуқуъ пайваст. Ронандаи мошини тамғаи «Мерседес-Бенц» ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Неъмат Қарабоев аз беэҳтиётӣ якбора ду духтари 19-соларо пахш намудааст.
Зарардидагони ин садамаи нақлиётӣ фавран ба беморхона интиқол дода шуданд, аммо наҷот додани ҷони захмишудагон ба табибон муяссар нагашта, яке аз духтарони зери чархи «Мерседес» монда дар бемористон ҷон дод.
Ба ҳамин монанд як садамаи дигари фоҷиабор субҳи имрӯз дар шоҳроҳи Кучкак - Исфара –Гулистон рӯй дода, соатҳои 06-30-и субҳ мошини тамғаи «Тойота-Ландкрузер» як марди 54-солаи велосипедсаворро зер кардааст.
Ин бори аввал нест, ки одамони бегуноҳ дар зери чархи мошин ҷон медиҳанд. Ҳамасола қариб 2000 мусофирон дар садамаҳои нақлиётӣ зарар мебинанд. Аз беэҳтиётии ронандагон дар як сол дар Тоҷикистон тахминна 400 нафар фавтида, 1200 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ мебардоранд ва маъюб мешаванд.