Як рӯз суратамро бо либосҳои миллӣ дар саҳифаам мондаму ӯ навишт, ки «шуморо чашм мекунанд». Баъдҳо ҳамин ки сурат монам, ҳамин гапашро такрор мекард. Боре ҷавобаш додам, ки ту ғайри ҳамин гап дигар гап надорӣ?! Ӯ навишт, ки майлаш, монед чашматон кунанд… Ин шӯхияш ба ман писанд афтоду смайлики ханда фиристодам ва ба ӯ Худо дод.
Дили раҳмин
Дигар ӯ дурудароз аз ишқ мегуфту ба ман ошиқ буданашро такрор мекард, ман дағалӣ мекардам, ҷавоб намедодам. Ҳатто ба ӯ мегуфтам, ки ман пиру безебу сиёҳу фарбеҳ ҳастам.
Дидам, ки намешавад, хостам аз рӯйхати дӯстонам берунаш кунам ва ба ӯ гуфтам, ки ту зан дорию чӣ хел ба зани дигар дил мебандӣ?! Ӯ навишт, ки занам бемори сахт асту ҳамеша аз ин сабаб зиқу афсурдаҳол мегардам. Ман ки чӣ будани бемордориро медонистам, аз рӯйи раҳм бо ӯ муносибатамро тамоман дигар хел кардам ва оҳиста-оҳиста ба ӯ меҳр мондаму дил бохтам. Ҳамеша тассалояш медодаму мегуфтам, ки Худо хоҳад, занаш шифо хоҳад ёфт. Ман ҷавонмардони одии дорои дили бузургро меписандидам ва ӯ дар назарам ҳамин гуна шахс метофт. Ман ҳам занам ва пештарҳо борҳо дар дилам ба худам мегуфтам, ки марде дар роҳи ҳаётам барояд одиву марду орӣ аз хислатҳои бад, шояд бо ӯ муносибат кунам. Акнун даврони ошиқшавию гаронии дил кандан аз танҳоӣ ҳамин гуна мард пайдо шуд, вале…
Як айби калони ин ҷавонмард ба андешаи ман дар он буд, ки ӯ аз ман 15 сол хурд буд! Аммо синну сол барои вай гӯё садде дар байни марду зан набудааст. Ман ба ӯ гуфтам, ки ба ман мардони ҳақоратчӣ, майхора, носкаш, сигоркаш ва дурӯғгӯ маъқул нестанд ва ӯ гуфт, ки ин гуна одатҳоро надорад. Ман хурсанд шудам, ки дар замони мо ҳам ҳамин гуна мардон будаанд. Дигар бе ӯ ҳаётам маънӣ надошт, зангҳояшро интизор мешудаму мехостам ҳамроҳаш доимо дар суҳбат бошам. Акнун ӯ хеле дигар шуда буд, ба худаш иҷозат медод, ки маро ба мазоҳу масхара кашад, занг назанад…
Хулоса, мо ошно шудем ва ман ӯро ҳам ба хонаам ва ҳам ба хонаи дилам роҳ додам.
Дурӯғҳои «шохдор»
Ростӣ ӯ ҷавонмарди қоматбаланди дилкаш ва хеле меҳрубону хушсухан буд, то он даме фаҳмид, ки ман ба ӯ сахт одат кардаам. Дар як суҳбатамон гуфт, ки занаш бемор нест, баъдҳо маълум шуд, ки нос ҳам мекашаду сигор ҳам. Бо шароб ҷӯра буданаш аз ҳар омаданаш маълум мешавад…
Ҳамин чанд рӯз пеш гуфт, ки ҳангоми дар як ноҳия чордаҳ сол кор каданаш он ҷо зани дуюм дошту ин зан ӯро мехӯронд, мепӯшонд ва нигоҳубин мекард. Ман дар ин як соли бо ҳам муносибат доштанамон ягон бор дар хислатҳои вай алфонсиро эҳсос накардаам, аммо акнун дудила шудаам. Шояд ӯ бисёр гапҳои дигарашро ба ман нагуфтааст?
Шояд шумо, хонандагони азиз, маро ба зери тозёнаи танқид мегиред, пирию хартозӣ гуфта нафринам мехонед, ихтиёр доред. Агар муносибатҳои мо иштибоҳи ман бошанд, онро ислоҳ мекунам ва барои ин ақлу фаросату иродаам мерасад. Ин қиссаро фақат барои он рӯйи коғаз овардаам, ки шояд нафаре аз шумо бо ин гуна воқеа рӯ ба ӯ шудаеду маслиҳате медиҳед…
ГУЛЧИН,
Таснифи Нисо ХОЛИД