Ростӣ, қиссаҳоятонро ба хотири ибратбахш буданашон мехонам. Бисёриҳо бар он ақидаанд, ки ин навиштаҳо бофтаи хаёли муаллифонанд, ки ба хотири ёфтани пул меофаранд, аммо фикри ман ин тавр нест.
Оё зиндагии кунунии мо дар даруни худ ҳазорон чунин қиссаҳоро нуҳуфта надорад? Дорад, бале, дорад ва мо ҳар рӯз бо чашмони сар ин гуна қиссаҳоро аз дафтари рӯзгор мехонем. Ман ба навиштан шавқ дорам ва рӯзноманависӣ мекунам, фақат тазодҳои зиндагии худро менависам дар дафтаре ва имрӯз ба хулосае омадам, ки як пораи зиндагиямро расонаӣ кунам… Зеро дар кушодани кӯргиреҳи он оҷизам…
Зани оҳанин
Ҳамсарам даҳ сол пеш аз бемории саратони хун вафот карду маро танҳои зор карда рафт. Ду духтару як писар дорам, ки ҳангоми фавти падарашон танҳо як духтарам хонадор буд. Баъди марги падарашон ду фарзанди дигарамро низ хонадор кардам. Писарам ҳамроҳи аҳли оилааш ба Русия кӯч басту мехост маро ҳам ҳамроҳаш барад, аммо ман намехостам ҷое равам. На ҳавсалаи иваз кардани ҷойи корро доштаму на ҷойи зистро. Ҳамин тавр ба танҳоӣ одат кардам, дар хонаи калони сеҳуҷрадори барҳаво, танҳо зиндагӣ мекунам. Корам хуб аст ва барои хӯрдану пӯшидани худам басанда ҳам ҳаст, гоҳе ба хабаргирии набераҳо меравам, гоҳи дигар онҳо меоянд, модари пирам низ гоҳе меҳмонам мешаваду ба ҳоли ман раҳмаш меояд. Зани безеб нестам ва хушдорҳои зиёде ҳам дорам, аммо ба ҳама мардон айб меёфтам…
Ҳунарманди ҷавоне, ки баъзе духтаракони чордаҳсола тайёранд барои як вохӯрӣ бо ӯ ҷонашонро диҳанд, дар назарам занакмизоҷ тофту дигаре алфонс. Ишқи мансабдори баландпояеро барои он рад кардам, ки сари гапу поёни гап мегуфт, ки чизе хоҳӣ бароят мекунам ва ёрият мерасонам. Гӯё ман ҷугӣ ё ягон ҳоҷатманде будам, ки бо ӯ танҳо ба хотири мансабу пулаш гап мезанам. Ҳамин тавр умрам ба ҷое расиду дигар ба мардон ва хоҳишҳои онҳо аз равзанаи мазоҳу масхара менигаристам, вале…
Гардиши қисмат
Дар шабакаи иҷтимоие саҳифа доштаму онҷо баъзе андешаҳоямро менавиштам. Аз хурдӣ орзу доштам, ки журналист шавам ва истеъдод ҳам доштам, аммо падарам маро ба коллеҷҷи тиббӣ дохил карду имрӯз ҳамшираи тиббӣ шуда кормекунам. Акнун ҳаваси журналистиямро дар саҳифаҳои иҷтимоӣ бо навиштани ҳар гуна маводҳо мешикастаму мухлисони зиёде доштам. Ошиқони маҷозиям аз мӯйи сарам зиёдтар буданд, мане, ки ишқи реалиро қабул надоштам ба ишқи маҷозӣ умуман бовар намекардам. Онҳоеро, ки ишқи маҷозиро ишқ мегуфтанд, девона мепиндоштам. Ба ҳама мардоне, ки бароям ҳарфи ошиқона мегуфтанд ҷавоби дағал медодам, баъзан ҳақораташон ҳам мекардам. Аммо дӯстони хуби маҷозиямро эҳтиром мекардам, хоҳ зан бошад хоҳ мард. Гоҳ-гоҳе ҳамроҳашон суҳбат мекардам, дархости дӯстии мардони ношиносро лағв мекардам. Боре дархости дӯстии як ҷавонромардро, ки номи зебои шоирона дошт қабул кардам ва ӯ гоҳ-гоҳе ба қавле «гап медод». Ба ӯ низ хеле дағал ҷавоб медодам, аммо…
(Давом дорад)
ГУЛЧИН,
Таснифи Нисо ХОЛИД