Ман аз он ки бо қарори се президент, минбаъд равуо бо Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо шиносномаи тоҷикӣ имконпазир мегардад, хеле шодам.
Ин кори хайрро се президент бо мақсади боз ҳам наздиктар шудани дӯстони асрҳо боз якҷобуда карданд ва ман ҳамчун як шаҳрванди оддӣ ҳамарӯза дуои ҷони онҳоро мекунам. Зеро чандин сол боз дар орзуи дидани хешу ақрабои дар вилояти Самарқанд мондаи худ будам, аммо чун шиносномаи хориҷӣ надоштам, ин орзуям ҳамин тавр “орзу” мемонд. Акнун, ки чунин имконият пайдо шуд, ҳатман ин корро мекунам ва ҳамчунин ақрабои дурафтодаи худро метавонам ба меҳмонӣ, ба шаҳри зебои худ даъват кунам.
Мо асрҳо боз якҷо будем ва хешу ақрабоямон як қисмашон дар ин ҷо бошанд, қисмати дигарашон дар Ӯзбекистон монда буданд, вале мардуми мо ҳаргиз аз ҳам ҷудо набуданд.
Ҳоло ҳама чиз ба асли хеш баргашт ва аз Худованд умед мекунам, ки умри Президенти моро дароз кунаду он кас пайи ободии кишвар бошанд. Барои ин хизматашон як умр дуогӯяшон мебошам.
Муяссара АШӮРОВА, ш. Душанбе