Ман бисту чорсола ҳастам. Оиладорам, аммо ба сабаби беморие фарзанддор шуда наметавонам. Ду-се бор ҷарроҳӣ кардам, вале бадтар шуду беҳтар не. Духтурон мегӯянд, ки табобат карда намешавад. Барои рафъи ин беморӣ ва фарзанддор шуданам дуое тавсия диҳед.
Абдулло, ноҳияи Лахш
Фарзанд неъмати Худованд аст, кадом вақте ки хоста бошад, онро ба бандааш ато мефармояд. Аз ин рў, шитоб накунед ва ноумед ҳам нашавед.
Пас аз ҳар намоз аз Худованд фарзанди солеҳ талаб кунед, иншоаллоҳ мақсудатон ҳосил хоҳад шуд.
Худованди меҳрубон ба шумо шифои комил ва фарзанди солеҳ ато фармояд