Барои муносибати бераҳмона бо шахси бемор як бародари шафқати 35-соларо ба маҳкама кашиданд. Ин табиби девонаавзоъ мӯйсафеди 82-солаи беморро бераҳмона лату кӯб намудааст...
Ҳодиса дар Сидней рӯй дода, духтари пирамарди ҷабрдида аз рӯйи бародари шафқат ба пулис шикоят намудааст. Айда селин мегӯяд падараш дар хонаи пиронсолон аз ҷониби яке аз бародарони шафқат мавриди зор ва лату кӯб қарор гирифтааст. Айча чанд моҳ пеш дар бадани падараш доғҳои сиёҳу кабудро мушоҳида намуда, пай бурда буд, ки касе мӯйсафедро азоб медиҳад, вале ҳарчанд пурсуҷӯ намуд, пираманд иқрор нашуд, ки кадом шахси беинсоф ӯро ба ин ҳол расонидааст. Духтар чораи дигар наёфта дар ҳуҷраи падараш камераи назоратӣ мегузорад. Пас аз чанд рӯз наворҳои дар камера сабт гаштаро тамошо карда, Айда ба даҳшат афтод, зеро дар ин наворҳо як бародари шафқат падари 82-солаи ӯро бераҳмона лагадкӯб намуда, либосҳои дар тани мӯйсафед бударо пора-пора мекард.
Духтар аз болои духтури бераҳм ба пулис шикоят намуда, ҳамчун далел он наворҳоро пешниҳод кард.
Кормандони пулис фавран он духтури аз кӯчаи одамгарӣ нагузаштаро дастгир намуданд. Бародари шафқат ба гуноҳаш иқрор шудааст, аз ҳамин хотир бо шарти берун нарафтан аз шаҳр то баромадани ҳукми суд ӯро аз зиндон раҳо намуданд.
манбаъ: https://tojikona.com/