arzon replenishment
Духтарони телефонбоз, ба калонсолон ҷой диҳед!
521

Ман дар яке аз мактабҳои шаҳр муаллима шуда, кор мекунам. Ҷои корам аз хона чанд истгоҳ дур аст ва маҷбурам ҳар субҳ ба маршруткаи серодам нишаста, ба он ҷо ҳозир шавам.

Дар ин соҳа ба қавле, аллакай “мутахассис” шудаам ва бо як дидан муайян карда метавонам, ки кадом ҷавон боодобона аз ҷояш хеста, ба мард ва ё зани калонсол ҷой медиҳаду кадомаш ба телефон “ғута зада”, атрофро фаромӯш мекунад.

Тайи чанд соли охир, баъд аз мушоҳидаҳо ба хулосае омадам, ки дар мо аз ҷавонмардон дида, бештар духтарони ҷавон “нобино” шудаанд ва онҳо гӯё дар телофони дастии худ зар ёфта бошанд, худро чунон машғул вонамуд мекунанд, ки ҳайрон мешавед. Ба ҳар ҳол, мардҳои мо, шояд аз шарми дигарон бошад, ва ё бо амри дили худ, ба занон ва ҳатто ба духтарони ҷавон аз ҷойи худ бархоста, ҷой медиҳанд ва бо ҳамин оини ҷавонмардиро риоя мекунанд. Аммо ман ин корро дар рафтори духтарони ҷавон, ки аксарашон донишҷӯянд ва ҳар субҳ ба донишгоҳу донишкадаҳои худ мераванд, мушоҳида намекунам.

Шояд, ин андешаи ман ғалат аст, аммо ман ба шумо танҳо он чизеро гуфтам, ки аз мушоҳидаҳои ҳаррӯзаи худам хулоса кардаам. Мақсад аз навиштани ин сатрҳо он аст, ки гулдухтарони мо низ, бояд аз мардҳо ибрат гиранд ва дар ҳолати зарурӣ эҳтироми сокинони солхӯрдаро ба ҷо оранд.

Ҳаитмоҳи МУРОДАЛӢ, омӯзгор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД