Ман Заррина ном дорам ва дар як деҳа, дар шпҳри Ҳисор зиндагӣ дорам (нишониам дар редаксия маҳфуз аст). Барвақт мактабро хатм карда, хостам ба донишгоҳи тиббӣ дохил шавам, аммо бахтам нахандид.
Аз бозгаштан ба деҳа истиҳола намуда, бо иҷозати волидонам дар шаҳр мондам. Ҳамроҳи чанд духтари мисли худам, ки аз имтиҳонҳо нагузашта буданд, хонаеро иҷора гирифтему ҳар кадоме ба коре машғул шудем. Ман дар як ошхона косашӯӣ мекардам ва зиндагии худро ба умеди он, ки соли оянда ба мактаби олӣ дохил мешавам, таъмин мекардам. Аммо баъзе ҳамхонаҳоям ба оҳистагӣ роҳҳои осони таъмини зиндагии худро меёфтагӣ шуданду ҳар рӯз либосҳои нав ба нав мепӯшиданд ва ҳар бегоҳ онҳоро мошинҳои қиматбаҳо то назди хонаи иҷораамон меовард. Вақте аз онҳо дар бораи ба чӣ кор машғул буданашон мепурсидам, танҳо табассум мекарданду халос.
Медонам, ки чунин зиндагии хушу бе ташвишу пур аз нишот ҳаргиз бо роҳи косаю табақшӯӣ ва ҷомашӯӣ ба даст намеояд, вале ба забон овардани касби онҳоро ба худ эб намебинам. Ману Гавҳар (ҳамхонаи хеле боодобу худотарси дигарам) ин кори онҳоро дида, сахт маъюс мешавем ва баъзан онҳоро насиҳат мекунем, вале бенатиҷа... Онҳо вақте ки бо волидони дар деҳа мондаи худ суҳбати телефонӣ мекунанд, мешунавем, ки гӯё ба корҳои дигаре ба мисли бофандагӣ дар комбинат ва ё парастории кӯдак дар хонаи касе кор мекунанд. Ин кор касро боз ҳам хиҷилтар мекунад, зеро онҳо рӯйрост падару модари худро фиреб медиҳанд.
Агар чунин рафтан гирад, мумкин ин духтарони соддаи деҳотӣ ба доми наҳангҳои дигар афтанду зиндагии ояндаашон барбод равад.
Маслиҳат диҳед, чӣ кор кунем, ки пеши роҳи онҳоро гирем?
ЗАРРИНА