Фатонату ҷозибаи зан мардро мисли оҳанрабо ба сӯйи худ мекашад, вале мардҳо аз духтарони лӯхтакбашара метарсанд.
Ба ақидаи мардон бонувони аз ҳад зиёд зебо ва хушлибос худхоҳу худпараст мешаванд. Мард гумон мекунад, ки зани олуфта рӯзи дароз назди оина нишаста, дасташро ба ягон кори хона намезанад. Аз тарафи дигар, зани парӣ барин зебо гирифтан хатарнок аст. Ягон мард намехоҳад, ки дигарон ба зани мурчамиёни ӯ чашм ало карда, аз пасаш кашола шаванд.
Барои ҳамин мардҳо маликаҳои ҳусну малоҳатро монда, ба бонувони ситорагарм хонадор мешаванд.
С. И.