Салом! Манижа ҳастам, як духтараки деҳотӣ, ки аз дарди ишқ дилаш ба фиғон омадааст. Мехоҳам қиссаи ишқи покамро нақл кунам, то ки ҷавонон ба мисли ошиқи бевафои ман ба ишқи худ хиёнат намуда, дили духтаронро нашикананд.
Ҳанӯз аз синфи 9 ҷавонеро дӯст медоштам. Мо ҳар рӯз аз чашми водидонамон пинҳонӣ даст ба дасти ҳамдигар дода, ба дарс мерафтем. Аз ишқи мо тамоми мактаб огоҳ буд. Дере нагузашта ин хабар ба гӯши волидонам ҳам расиду бародаронам ин овозаро шунида, маро зери мушту лагад гирифтанд, вале дили ошиқам маро боз ба кӯйи ёрам мебурд. Бародаронам диданд, ки пеши роҳи маро бо таҳдид ва зӯрӣ дошта наметавонанд, ошиқамро бераҳмона латукӯб карданд, то ки аз ишқи ман даст кашад, вале бо ин ҳама талош моро аз ҳам ҷудо карда натавонистанд. Мо - ду дилдода бештар талош карда, барои ишқамон мубориза мебурдем. Дилпур будам, ки ба ғайр аз марг дигар ягон чиз моро ҷудо карда наметавонад, вале баъд ошиқи бевафоям барои идома додани таҳсил ба шаҳр рафта, думболи як духтари зебои шаҳриро гирифту ба ман хиёнат кард. Ин хабарро шунида, дилам хун шуд, шабҳоро бо гиря саҳар карда, худамро дарун ба дарун мехӯрдам. Аз дарди ишқ ҳатто хостам даст ба худкушӣ занам, вале баъди он, ки ошиқи хиёнаткорам бо духтари шаҳрӣ издивоҷ кард, дилам аз ӯ сард гашт ва қарор додам, ки ман ҳам барқасд бо ягон ҷавони арзанда издивоҷ мекунам. Дар ин миён аз як оилаи сарватманд ба ман хостгор баромад ва падару модарам розигӣ доданд. Тӯйи ман чунон бошукӯҳ гузашт, ки тӯли чанд моҳ дар даҳони ҳама ҳаққу ҳамсояҳо таърифи ин тӯй буд.
Шукри худо, ҳоло соҳиби зиндагии серу пур ҳастам, шавҳарам маро дӯст медорад ва ҳурмату эҳтиром мекунад. Ошиқи хиёнаткорам ба ғазаби худо гирифтор гашта, ҳамсараш ба ӯ хиёнат кард. Телефонӣ бо марди дигар суҳбат кардани занашро фаҳмида, талоқашро додааст.
Имрӯз ман хушбахт ҳастам ва шукри худо, оилаи обод дорам, вале қиссаи ишқи авваламро ба он хотир нақл кардам, ки ба дигарон дарси ибрат гашта, дили духтаронро нашикананд. Беҳуда нагуфтаанд:
Шикасти шишаи дилро магӯ садое нест,
Ки ин садо ба қиёмат баланд хоҳад шуд.
МАНИЖА