Arzon march 2024
Духтари рус ба хотири бахт дини исломро қабул кард, вале...
5993

Ба хотири модарам кӯдаконамро сағера кунам?

Салом! Ман Саид, дар яке аз ноҳияҳои атрофи пойтахт зиндагӣ мекунам. Як масъалаи бисёр нозук, ки тақдири ояндаи ману занамро ҳал мекунад, маро маҷбур кард, ки ба шумо муроҷиат намоям. Умедворам, ки бо маслиҳатҳои муфиди худ роҳи дурусти ҳалли ин масъалаи печидаро бароям нишон медиҳад.

Падару модарам одамони камбағаланд, аз ҳамин сабаб ҳанӯз аз 17-18 солагӣ ман ҳар сол ҳамроҳои ҷавонони ҳамдеҳаамон ба Русия мардикорӣ мерафтам, то каме ҳам бошад, дар кашидани аробаи шалақи зиндагӣ ба волидонам ёрӣ расонам. Шукри худо бо меҳнати ҳалол дар бадали 5-6 сол хонаи нав сохта, ҳавлиамонро ба тартиб даровардам ва ба қавли пиронсолон “ниҳоят мо ҳам ба қатори одамон даромадем.” Ҳаётамон рӯ ба беҳбудӣ оварда, хоҳару бародаронам либоси нав ва хӯроки дурустро медидагӣ шуданд.

Ростӣ, ҳамаи ин аз давлати як марди сарватманди рус буд, ки ман дар зери дасти ӯ кор мекардам. Аввал ин мард маро ба сифати боғбон ба кор гирифта буд, баъд ба бовариаш даромада, ронандааш шудам. Хӯҷаинам Сергей Иванович ном дошта, бисёр одами сарватманд буд, аммо мисли баъза нимчабойҳои мо катагӣ намекард, одами хоксор ва бисёр меҳрубон буд. Вай дар бисоташ ду фарзанд дошт ва бо амри тақдир ману духтараш Олга ба якдигар дил бастем. Ростӣ, ҳеҷ гумон надоштам, ки чунин марди доро ба издивоҷи духтараш бо як бачаи камбағал розигӣ диҳад, вале ғайри чашмошт, вақте Олга иқрор шуд, ки мо ҳамдигарро дӯст медорем, падараш табассум намуда, гуфт: “Дочка, я одобряю твой выбор. Саша (Дар он оила маро Саид нею Саша мегуфтанд) хорошый парень, не пёт, не курит, работяга, если любите друг друга, мне остается только пожелат вам счастья!”

Ҳамин тавр масъалаи тақдири ману Олга ҳал шуд вападари арӯс аз ҳисоби худаш тӯйи калоне ороста, маросими ақди никоҳи моро дар яке аз зеботарин тарабхонаҳои шаҳр гузаронд. Пас аз тӯй хусурам барои мо хонаи зебоеро иҷора гирифт ва ману Олга зиндагии хушбахтонаи худро оғоз намуда, дар бадали як сол бачадор шудем. Ман оиладор шуда бошам ҳам, бо маслиҳати падарарӯсам ҳар моҳ ба волидонам пул мефиристодам, то аз чизе танқисӣ накашанд, аммо...

Пеш аз ақди никоҳамон ба падару модарам гуфта будам, ки духтари хӯҷаинамро дӯст медорам ва ӯро ба занӣ гирифтан мехоҳам, зоҳиран зид набуданд ва “худат медонӣ бачам” гуфтанд, вале пас аз ду сол, вақте мо соҳиби фарзанд шудем ва ман зану писарчаамро ба Ватан, ба хонаамон овардам, қиёматро қим карданд. Модарам доду фиғон мекард, ки ту маро дар назди ҳаққу ҳамсояҳо шарманда кардӣ, акнун онҳо ба ҳоли мо механданд, ки зӯрашон ба қалин дода келин кардан нарасиду бачаашон аз Русия як зани сарлуч овардааст, падарам бошад “ту як бе динро бардошта овардӣ, дигар ман сарамро дар масҷид дар байни мардони тақвдор чӣ хел мебардорем” гуфта, ҳатто ба рӯям нигоҳ кардан намехост.

Олга забони тоҷикиро надонад ҳам аз қошу қавқи гирифтаи аҳли хонаводаи мо вазъиятро пай бурда, бисёр озурда гашт, зеро падару модарам ақаллан писарчаи моро, ки тифлаки бегуноҳ аст, ба оғӯш намегирифтанд. Ба Олга гуфтам, ки сабаби ранҷиши волидонам дар тафовути динӣ аст. Ин духтари рус ба хотири ишқи ман шуда дини исломро қабул кард ва пӯшидани либоси тоҷикиро ба гардан гирифт. Занам рус ва бойдухтари эрка бшад ҳам, нозу нуз накарда, мисли дигар келинчакҳои тоҷик саҳари барвақт хеста ҳавлӣ мерӯбад, кору бори хонаро сомон медиҳад, хӯрок мепазад, вале модарам таомҳои пухтаашро “ҳаром”гуфта намехӯрад ва ҳеҷ аз аспи чаҳл нафаромада “ин аҷинаро аз куҷое, ки овардӣ, бурда ба ҳамон мо мон” мегӯяд. Сарҳисоби корамро гум кардаам, зеро ману Олга ҳамдигарро дӯст медорем, ба хотири муҳаббати ман шуда, ин духтар аз баҳри зиндагии серу пур ва падару модари сарватмандаш гузашта, ба Тоҷикистон омад, дини исломро қабул карда, мусалмон шуд, бар замми ин, мо як писар дорем ва занам боз ҳомиладор аст. Виҷдонам намебардорад, ки некиҳои дар ҳаққи ман кардаи падари ин духтар ва худи Олгаро фаромӯш карда, занаро бо ду кӯдак дар нимароҳи зиндагӣ раҳо кунам, вале модарам дар назди ман шарт монда истодааст, ки аз ду якеро интихоб намоям: модар ё зани русам?!

Падарам ба ҷойи модарамро насиҳат кардан “ин маймуни овардаатро ба ватанаш гусел карда, зани тоҷик бигир, набошад ҳатто дами маргам ҳам туро намебахшам” гуфта истодааст.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам: Ба хотири падару модар ду фарзандамро сағера кунем ё Олгаро гирифта аз Тоҷикистон якумра баромада равам?

Бо эҳтиром: Саид

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД