Formula novemver 2024
Духтари ришдор аз чӣ азият мекашад?
2143

 

Ин зани аврупоии 30-солаи ришдор, ки ба расонаҳо номашро нагуфтааст, дар бораи риши худ ва мушкилиҳои он қисса мекунад.
“Модарам ба риши ман нафрат дорад. Вай ба ман ҳатто иҷозат намедод, ки бо кӯдакон сӯҳбат кунам, зеро фикр мекард, ки бо риши худ ман обрӯи ӯро мерезонам”,-бо дарду алам қисса кардааст духтари ришдор.
Аз рӯйи нақли худи духтари ришдор, ӯ хеле зуд ба воя расида,ҳанӯз аз синни 8-солагӣ таҳпӯши калон мепӯшидааст ва дар нӯҳсолагӣ ҳайз дидааст.
Пас аз ин дар манаҳаш тораҳои аввалини риш пайдо шуда бошанд ҳам, дар оғоз чандон ба ин чиз аҳамият намедиҳанд, вале баъдтар рӯйи духтар пур аз мӯй шуда, ба мардон монандӣ пайдо мекунад.
Модараш ба ташвиш афтода ӯро ба назди духтурон мебарад, аммо табибон баъди муоина гуфтаан, ки духтарак комилан солим буда, аслан ба табобат ниёз надорад.
“Ришам маро нороҳат намекунад, чунки ин тораҳои мӯйро ҳамчун узве аз бадани худ қабул кардаам, вале модарам танҳо ба хотири риш бароварданам маро бад мебинад. Барои аз мӯйҳои манаҳи ман халос шудан вай пули зиёде сарф карда, маро ба курсҳои гуногуни тозасозӣ ва нест кардани мӯйҳои зиёдатӣ бурд, вале ба ғайр аз дард дигар ягон беҳбудӣ эҳсос накардам. Модарам чораи дигар наёфта ночор бароям риштарошак харид”-нақл мекунад бонуи ришдор.
Ба гуфти ин хонуми булаҷаб баъзе мактаббачаҳои шӯх риши ӯро хеле “дӯст медоранд” ва бо дидани духтари ришдор ба масхарабозӣ сар мекунанд. Кӯдакон ӯро Чубака (як ҳайвони сермӯи афсонавӣ) номанд ҳам, аз онҳо чандон хафа намешудааст, вале вақте ҳамсинфонаш аксҳои ӯро дида мепурсиданд, ки “ин падарт аст?” суханони онҳо мисли теғ аз устухонаш мегузаштанд, чунки падараш ҳанӯз вақти кӯдак буданаш аз олам гузштааст.
Духтари ришдор низ мисли дигар одамон дил дорад ва ҳатто боре ҷиддӣ ошиқ шуда буд, аммо ҷавони дӯстдоштааш бо дидани риши ӯ ба даҳшат афтода, рӯ ба гурез ниҳодааст.
Пас аз ин ҳодиса яке аз шиносҳояш пешниҳод мекунад, ки ҷинсашро иваз намояд, вале духтари ришдор бо додаи худованд қаноат намуда, ба иваз кардани ҷинсаш розӣ намешавад.
Ҳоло зани ришдор соҳиби шавҳар ва хонаи обод аст. Ҳамсараш ба риши ӯ одат кардааст, вале фарзандони ин мард аз зани дигараш мудом моиндарашонро масхара карда, дилашро бо суханони нешдор ва таҳқиромез озор медиҳанд.
“Вақте зан риш дорад, боа мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мешавад, вале одамон фикр намекунанд, ки ин гуноҳи ман ва манбаринҳо нест, ки риш дорем. Ман барои пурра нест кардани он имконият надорам, аз ҳаимн хотир аз тамоми одамон хоҳиш мекунам, ки ба занҳои ришдор бо чашми таҳқир нигоҳ накунанд, зеро мо пеши қудрати худованд нерӯе надорем,-мегӯяд бонуи ришор.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД