Arzon march 2024
ДУХТАРИ ПОДАБОН МИЛЛИОНЕР ШУД, ВАЛЕ…
4270

 Ман дар оилаи камбағал ба дунё омада аз хушиҳои зиндагӣ бебаҳра будам. Падарам солҳои шуравӣ ронандаи колхоз будааст, вале пас аз барҳам хӯрдани ин давлати абарқудрат бе ҷойи кор монда ба чупонӣ гузаштааст.

Ӯ гӯсфандони сарватмандони деҳаҳои гирду атрофро дар талу теппаҳо нигоҳубин карда, аз ҳамин ҳисоб шаш духтару як писарашро мехӯронду мепӯшонд. Мо шаш хоҳар либосҳои ҳамдигарро мепӯшидем. Ман дар оилаамон духтари хурдӣ будам ва ҳеҷ гоҳ рӯйи либоси навро намедидам. Як умр куҳнаколоҳои апаҳоямро пӯшида ба воя расидам. Ба либосҳои зебо ва пойафзолҳои гаронбаҳои ҳамсинфонам нигариста пинҳонӣ ашк мерехтам, ки чаро Худованд маро дар як оилаи камбағали ба қавли мардум бекафан ба дунё овардааст. Духтари зебо бошам ҳам, зери куҳнаколаҳо ҳусну ҷамолам ба чашми ягон кас наметофт. Ман танҳо як даврони хушбахтӣ доштам ва ин фасли баҳор буд! Баҳорон, ки фаро расид, падарам ҳамаи моро ба куҳ мебурд, зеро мавсими тулгирӣ сар мешуд. Мо, аҳли оила ба серӣ гӯшту нони тобагӣ ва ширу ҷурғоту равған мехӯрдем, аз ҳама муҳимаш касе эрод намегирифт, ки чӣ гуна либос дорем…

Ҳамааш мегузарад..

Солҳо пайи ҳам гузаштанду апаҳоям як-як шавҳар карда хонаи падариро тарк намуданд. Дар кулбаи куҳнаи падар ману додарам мондем. Язнаҳоям чандон сарватманд набошанд ҳам, ба қадри имкон ба мо ёрӣ медоданд. Ба шарофати апаҳоям соҳиби як- ду куртаи нав гаштам, онҳо аз сари матоъҳое, ки ҳамсаронашон дар идҳо барояшон ҳадя меоварданд, маро бенасиб намегузоштанд. Падарам пир шуда бошад ҳам, ҳанӯз ба касби пешинаш машғул буд ва зиндагиямон якранг ҷараён дошт, аммо…                                    

Беморбинӣ

Дар ҳамсоягии мо кампираке мезист бо исми Марям. Мо ӯро момаю модару падарам оча мегуфтанд. Кампир аз дори дунё танҳо як духтар доштааст, вале Сафаргули номуроди бибӣ Марям ҳангоми таваллуди фарзанди дуввумаш аз олам мегузарад. Домод фарзанди калониашон Аноргулро ба бибии ҷигарсӯхтааш дода, писари ба қавли кампири Марям сархӯрашро бо худ мебарад. Аноргул аз апаҳои ман калонтар буд ва дар ҳамсоядеҳа шавҳар дошту зуд-зуд ба хабаргирии бибияш меомад, фарзандонаш низ ҳамеша аз ҳоли кампир хабар мегирифтанд, вале бибӣ Марямро асосан апаҳои ман ҳамроҳӣ мекарданд. Кампир сахт бемор шуд ва наберааш Аноргул ӯро хабаргирӣ омад. Модарам оши бурида пухта дар табақи калоне бардошт ва ба ман фармуд, ки хӯрокро ба хонаи момаам барам. Ба хонаи кампир, ки барои мо чун хонаи худамон буд, даромада табақро пеши бистари момаам гузоштам ва ду коса хӯрок кашида дар назди бибию набера мондам. Бибӣ Маряму апаи Аноргул оши буридаи модарамро таърифкунон хӯрданд. Косаю табақро дар лаби ҷӯй мешустам, ки мошине дар назди дарвозаи кампир истод ва аз он ҷавони зебое берун шуд…

Меҳмони аз ҷон азизтар

Гумон кардам, ки ҷавон раҳгум задааст, вале вай аз ман пурсид:

-Хонаи бибии Марям ҳамин аст?

-Бавле, ҳамин,-гӯён меҳмони ношиносро ба хона таклиф кардам.

Ҷавон назди бистари кампир нишаста гуфт:

-Бибиҷон, ман Ёдгор, писари Сафаргул, ҳамоне, ки сархур гуфта рӯямро дидан нахоста будед…

Бо шунидани ин гап апаи Аноргул худашро пеши пойи ҷавон партофта бо овози баланд нола кард: «Эй Худо, дар номат мурам, шукр, ки ба мани бесоҳиб раҳм карда, ба дидори додаракам расондӣ! Дар номакат мурам Ёдгорҷон, болу пари апа…»

Ҷавон апаи Аноргулро оғӯш карда мисли кӯдак ҳой-ҳой мегиристу мани ҳайратзада бо даҳони воз ба онҳо менигаристам. Кампири Марям бошад, бо дидани небарааш аз ҳуш рафта буд…

Дар як дам аҳли деҳа аз омадани набераи кампири Марям огоҳ шуда ба хонаи кампир рехтанд. Шавҳари Аноргул ин хабари хушро шунида говеро сар зад ва ба муносибати пайдо шудани додарарӯсаш тӯй дод. Ёдгор дар гӯшҳои кампири Маряму Аноргул гӯшвораҳои тиллоӣ овехт. Падари Ёдгор аслан аз Хуҷанд будааст. Вай ҳамчун духтур барои таҷрибаомӯзӣ ба ҷануби кишвар равон карда мешавад. Сафаргули зеборо дида табиби ҷавон ба вай ошиқ мешавад ва дигар майли Хуҷанд накарда, дар ҳамин ҷо зиндагӣ ихтиёр мекунад. Пас аз фавти фоҷиавии ҳамсараш ӯ писарчаи навзодашро гирифта ба пойтахт меравад ва баъди дусола шудани Ёдгор зан гирифта, бо аҳли оилааш ба Қазоқистон мекӯчад. Вай танҳо пеш аз маргаш ба писараш қиссаи зиндагияшро нақл кардааст ва Ёдгори бистуҳаштсола, ки олими ҷавони соҳаи тиб буда, ҳамзамон дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба тиҷорати дору машғул будааст, аз рӯйи суроғаи додаи падараш бибию апаашро ёфтааст. Падарам ба шодии кампири Марям шарик шуда, гӯсфандеро кушт ва Ёдгорро ба меҳмонӣ даъват кард.

Золушка

Лутфи Худованд буд ё хандаи тақдир, ки пас аз як соли омаду рафт ба хонаи бибияш Ёдгор маро хуш кард ва Аноргулу момаи Марям ба хонаи мо хостгорӣ омаданд. Падарам Ёдгорро наздаш шинонида гуфт:

-Ёдгорҷон, ту ҷону ҷигари ман ҳастӣ, домоди беҳтар аз туро ҳатто орзу карда наметавонам, аммо духтари ман ҷавон, нохондаю бетаҷриба аст, хулоса арзандаи ту нест!

-Амак, ман мехоҳам ҳамсарам хонашин бошад, то фарзандонамро хуб тарбия намояд, аз ҳамин хотир Фаризаро интихоб намудаам. Аллакай дар шаҳри Душанбе ҳавлии зебоеро харидам, агар шумо дуо диҳед, баъди тӯй дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунем,-ҷавоб дод Ёдгор.

Ман ин суханҳоро аз пушти тиреза мешунидаму аз хурсандӣ дар куртаам намеғунҷидам….

Вақте ки сару поямро оварданд, даҳони аҳли деҳа воз монд. Матоъҳои зебои нестандарҷаҳонро ба бар карда, беихтиёр афсонаи «Золушка»-ро ба ёд овардам, зеро мисли Золушка якбора ба шоҳдухтар табил ёфтам.

                   Тӯй ва зиндагии шоҳона

Тӯйи мо гӯё тӯйи тамоми деҳа буд. Ҳама хурсандӣ мекарданд, ҳатто кампири Марям, ки бемори бистарӣ буд, қоматашро бо такяи асобағал рост карда, ба таври худ мерақсид ва бо дастони чун шохи дарахти хушкаш сару рӯи Ёдгорро сила карда, тӯтивор якзайл такрор мекард: «Маро бубахш бачам…»

Додари Ёдгор аз Қазоқистон ба табрикамон омад, модарандараш бемор будаасту омада натавонистааст, вале ба дасти писараш барои ман гӯшвора, нози гардан ва ангуштаринҳои тиллоӣ туҳфа фиристодааст. Пас аз тӯй мо ба Қазоқистон ба хонаи волидони Ёдгор рафта моҳи асаламонро он ҷо гузаронидем, баъд ба пойтахт баргашта дар хонаи зебоямон зиндагии шоҳонаро оғоз кардем.

                                  Беҳтар аз писар

Пас аз шаш моҳи тӯямон кампири Марям оламро падруд гуфт. Ёдгор мурдаи бибиашро бо обрӯ гӯр карда маъракаҳои мотамиашро гузаронд, баъд хонаҳои фарсудаи кампирро афтонда дар ҷояшон ба сохтмони қаср оғоз намуд. Падарам чӯпониро бас карда сохтмонро сардорӣ мекард, язнаҳоям бошанд, ҳамчун сохтмончӣ кор карда пули калон мегирифтанд. Дар қатори қасри мо хонаҳои падарам низ аз ҳисоби пули Ёдгор навсозӣ мешуданд. Волидонам шукронаи домодашонро мекарданд, вале…

Кирми ҳасад…

Ёдгор ба язнааш барои кушодани тиҷораташ пул дод, бар замми ин, писари калонии апааш бо мо мезист. Тағояш Бахтоварро ба Донишгоҳи тиббӣ дохил карда буд. Ин ҳама қаҳри маро меовард, зеро мехостам боигарии шавҳарам танҳо аз худам бошад. Ёдгор маро болои сар бардошта мегашт, мани духтари подабон акнун хизматгор доштам ва шоҳдухтари ҳақиқиро мемондам, вале бо ин ҳама давлату савлат ба апаи ягонаи шавҳарам бахилӣ мекардам. Шавҳарам додари маро низ дар қатори ҷиянаш ба Донишгоҳи тиббӣ дохил карда, мехост минбаъд ҳардуяшонро ба тиҷорати дору ҷалб намояд, аммо ин ҳама дар назари ман кам менамуд.

          Касофати бахилӣ

Қасрамон дар деҳа бо тамоми шароиташ тайёр шуд, сохтмони хонаҳои падарам низ ба анҷом расид. Ҳамон шабу рӯзҳо писари калонии Аноргул Фирдавс донишгоҳро хатм кард ва бо кӯмаки тағояш ӯро зан доданд. Шабе, ки пагоҳаш бояд арӯсро меоварданд, Ёдгор маро бо меҳр ба оғӯш кашида гуфт:

-Фаризаҷон, ман хонаи деҳаро ба номи Фирдавс гузаронда, шаби тӯяш калиди хонаро бо ҳуҷатҳояш ба ӯ тақдим кардан мехоҳам…

Аз ин ҳотамии шавҳарам хун ба сарам заду ба миёни гапаш лагад зада дод задам:

-Падари ман ин қадар азоб кашида хонасозӣ карду ту хонаи маро ба беваи апаат медиҳӣ?! Дониста бош, агар ин корро кунӣ, худамро алов сар медиҳам, мардак! Бас будагист ҳотамӣ, безор шудам аз ҳамун апаи ғафси ҳаромату сағераҳои фисинаш!!!

Ёдгор аз ин вокуниши ман дар ҷояш шах шуда, чӣ гуфтанашро намедонист.

Моҷарои тақдирсӯз

Шавҳарам рӯзи тӯй ба ҷиянаш мошин туҳфа кард. Худамро аз рашку ҳасад хӯрда бошам ҳам, чизе нагуфтам. Пас аз тӯй мо ба хона баргаштем, вале шодиву нишот пас аз ҳамон моҷаро аз ҳаётамон ғайб зада, Ёдгор умуман бо ман гап намезад. Ба ҷойи бахшиш пурсидан мани гарданшах ҳам ноз карда, шавҳарамро ягон зарра писанд намекардам. Баъди ду моҳи ин воқеа Ёдгор қасри дар деҳа сохтааш, ду дорухона ва ҳавлии шаҳриамонро ба номи ман ҳуҷҷат карда доду барои ҷудо шудан ба суд ариза пешниҳод кард. Вақте ки падарам аз вай шарҳи воқеаро талаб кард, шавҳарам бо чашмони пуроб гуфт:

-Амакҷон, ман дар бисотам танҳо як апа дорам, вале духтаратон ҳамон як апаи маро чашми дидан надорад. Ман бо чунин зан зистан намехоҳам! Ба хотири писарам то охири умр нигоҳубинаш мекунам, аммо зиндагии ману Фариза дигар намешавад…..

Пушаймонии бе суд

Аз ин воқеа бист сол сипарӣ гашта, ман имрӯз аз чизе камбудӣ надорам. Бо кӯмаки собиқ шавҳарам хонда диплом гирифтам ва ба тиҷорати дору машғулам. Писарамро ба наздикӣ зан додам. Падараш дар шаби тӯяш ба вай калиди панҷхонагиро туҳфа кард. Ин саховати Ёдгорро, ки зану фарзанду зиндагии дигар дорад, дида ба хотирам бахилии худам расид, ки ба решаи ниҳоли бахтам теша зада буд. Мани чашмгурусна барои як хона шуда ҳаётамро бо дасти худам сӯхтам. Апаи Аноргул гуноҳи маро кайҳо бахшидаасту ҳамроҳам рафту омад дорад ва гоҳ-гоҳ оби дида рехта, худашро дар бадбахтии ман гунаҳгор медонад, аммо дар асл ин тавр нест. Маро на апаи шавҳарам, балки нафси бад сиёҳбахт кард!

                                                                             Фаризаи пушаймон

                                                                            

 

         

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД