arzon replenishment
Духтари кӯлобиро чи гуна фаромӯш кунам?
05.12.2022
Mahina
1523


Ман дар оила яккаписар ҳастам. Чанд сол қабл бо духтаре шинос шудам, ки як сол аз худам калон буд. Азбаски дар Кӯлоб донишҷӯ буд, ҳар дафъае, ки ба дидорбинии волидонам мерафтам, ҳатман бо дӯстдоштаам вомехӯрдам.

Дар давоми як соли шиносоӣ чунон ба буданаш одат кардам, ки дигар лаҳзаеро бидуни ӯ тасаввур карда наметавонистам. Ният доштам, ки ӯро ба занӣ мегирам, ҳатто дар гӯшаи хотирам фикри ҷудо шудан набуд.

Дӯстдоштаам низ қасам мехӯрд, ки то зиндаам, бо ту мемонам. Дилпур будам, ки дӯстдошта дорам ва рӯзе ҳатман ба висоли ҳамдигар мерасем, вале зимистони соли гузашта ӯ ба шавҳар баромад.

Азобу сахтиҳоеро, ки дар давоми як соли ҷудоӣ кашидам, фақат худам медонаму Худованд. Ман дар ин муддат лаҳзае, соате, рӯзе бе фикри ӯ нестам.

Дилам аз духтарон тамоман мондааст, зеро азизтарину наздиктарину маҳбубтарин нафаре, ки ҷонамро барояш бахшидам, ба қадри дӯстдориям нарасид, маро тарк намуд.

Ман дар ҳолати хеле бади руҳӣ қарор дорам, ҳарчанд кӯшиш мекунам, он бевафои бемурувватро фаромӯш карда наметавонам. Умр гузарон аст, бояд аз паи зиндагии худ шавам, вале намедонам чӣ гуна ба зиндагӣ дилгарм шавам.
Хонандаи гиромӣ, шояд нафаре аз шумо ба мисли ман ба чунин ҳолат гирифтор шуда бошед. Хоҳишмандам ба ман маслиҳат диҳед, чӣ гуна ишқи он бераҳмро аз сина берун созам?
Хонандаи “Оила”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД