“Моҳтоби қоғазӣ” (соли 1973) унвони филмест, ки Татум О` Нили даҳсоларо рӯйи саҳнаи синамои ҷаҳонӣ овард. Ӯ бо нақшофарии олиаш дар ин филм аз ҷумлаи хурдсолтарин нафарони дорандаи ҷоизаи “Оскар” гардид.
Татум 5 ноябри соли 1963 дар шаҳри Лос-Анҷелоси ИМА дар оилаи актёр Райан О` Нил ба дунё омадааст. Дар филми “Моҳтоби қоғазӣ” духтари хурдсол ҳамсафари қаллобе мегардад ва онҳо аз шаҳр ба шаҳр кӯч мебанданд.
Ҳунарнамоии Татуми 10-соларо, ки бори аввал ба рӯйи экрани синамо баромад, коршиносон олӣ баҳо доданд. Барои Татум аз як ҷиҳат ҳамсафари қаллоб шудан осон буд, чунки ин нақшро падараш иҷро мекард.