ё чи тавр ҳукми падар ҳаёти писарр сӯхт
Дар бисотам як писар дорам. Дигар таваллуд карда натавонистам. Писарам ба духтари ҳамсабақаш ошиқ буд. Ба ман рози дил карда гуфт, ки зиндагиашро бе Наргис тасаввур намекунад ва ин духтарро сахт дӯст медорад.
Ман ба деҳаашон рафта дар борааш маьлумот ҷамь кардам. Ҳама гуфтанд, ки Наргиз бисёр духтараки бамаънӣ аст. Мехостам, ки ба хонаашон хостгорӣ рафта, сари писарамро бо дӯстдоштааш ҷуфт кунам, вале шавҳарам розӣ нашуд. Падараш мехост ба писарам духтари аммаи худашро келин кунад. Ростӣ, ман розӣ набудам, чунки аммаи шавҳарам бисӯр занаки шаттоҳ ва ҷдугару соолбинбоз буд. Хуллас, дар хонаамон ҷангу ҷанҷол сар шуд ва шавҳарам ба писарам гуфт, ки агар дуои маро гирифтан хоҳӣ, ҷияни маро ба занӣ мегирӣ, вагарна оқат мекунам.
Писарам дар пеши пойи падараш афтида, зорӣ кард, ки ин хел нагӯяд, вале шавҳарам” ман сағера мондаму маро ҳаимн амаам калон кард, хоҳӣ-нахоҳӣ духтарашро мегирӣ” гӯён, якравӣ мекард. Писарам, ки падарашро сахт дӯст медошт, аз тарси оқ шудан не нагуфта ба издивҷ бо хеши падараш рзигӣ дод, вале рӯзи тӯй гӯё мотам дошта бошад, тамоман намехандид. Ман ҳамчун модар ин ҳолати писарамро дида ҷигархун мешудам, аммо оби рехтаро дигар бардошта намешуд...
Ҳамин тавр писарам бадбахт шуд. Ҳамсараш мисли модараш шаттоҳ баромад, мудом бо бадзабониаш ҳамаи моро меранҷонд. Шавҳарам аз дасти келинни ҷаллод оқибат ба дарди сактаи дил гирифтор шуда аз олам гузашт ва пеш аз маргаш гуфт, ки занак, ман кори хато кардам, писарамро зӯран хонадор кардам, ҳаёташро сӯхтам. Мебинам, ки писарамон бо ин зан бадбахт аст. Ман, ки мурдам, келинро бурда дар хонаи очааш монду бачаамр бо ҳамон духтари дӯстдоштаи худаш хонадор кун, агар шавҳар надошта бошад...
Пас аз марги шавҳараш келини шаттоҳам шаттоҳтар шуда, дигар мро тамоман писанд намекард. Онҳо ду духтар доранд, вале ин зани беақл ҳар рӯз ҷонамро ба лама оварда мегӯяд, ки сағераҳоятонро гиред, ман аз хонаи падару модарам бо бача намада будам, мераваму шӯйи дигар мекунам. Зиндагии писарам омехтаи заҳр аст.
Ду моҳ пештар дарак ёфтам ки Наргис аз шавҳараш бо сабаби шаробхориаш чудо шудааст. Ба писарам гуфтам, ки занат туро камбағал гуфта, шӯйи дигар карданист, ҷавобашро деҳ ва назди Наргис рафта бахшиш пурсу ӯро ба занӣ бигир, вале мегӯяд, ки оча, вай маро ҳаргиз намебахшад, чунки шаби тӯйи ман аз алам дорӯ хӯрда, қариб худашро кушта буд.
Ҷуръат намекунам, ки худам ба назди Наргис рафта ҳамаашро ба ӯ фаҳмонам. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам, ки писарам хушбахт шавад?
Бо эҳтиром: Мунисахола