Formula novemver 2024
Духтаре, ки бо ришаш ифтихор мекунад
954


Дакота Кук ҳамчун “Духтари ришдор”дар саросари ҷаҳон ном баровардааст. Тораҳои аввалини риш дар рӯйи ин духтар ҳанӯз дар синни 13-солагӣ пайдо шуда буданд.

Дакота муддати тӯлонӣ риш доштанашро махфӣ нигоҳ дошта, аз ҳама пинҳонӣ тораҳои ришашро бо қошчинак мечид ё метарошид, вале хеле кӯшиш карда бошад ҳам, ин сирро то охир пинҳон дошта натавонист. Ба ҷойи кам шудан риши ӯ торафт зиёдтар мешуд.

Табибон сабаби риш баровардани Дакотаро дар вайроншавии кори ҳормонҳо диданд. Ҷисми ин духтари булаҷаб ба миқдори хеле зиёд ҳормони мардонаи тестостерон ҳосил мекунад.
Пас аз 10 соли мубориза бо риш Дакота ба хулосае омад, ки беҳтараш ба тақдир тан дода ин “неъмати худодод”-ро ба ҳама нишон медиҳад. Ҳамин тавр Дакота Кук аксҳояшро дар интернет паҳн намуд ва ҳамчун “Духтари ришдор” ном баровард.

Дакота иқрор шудааст, ки пештар, вақте риш доштанашро аз ҳама пинҳон мекард, азоби сахти рӯҳӣ мекашид, вале аз бозе, ки ин сирро кушод, сабук шуда,худашро зани хушбахт эҳсос мекунад. Акнун ӯ бо ришаш ифтихор мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД