Зебинисо Исмоилова, духтарчаи навраси бомаҳорати тоҷик, ки дар маҳфили “Рақс”-и Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе нозукиҳои санъати рақсро аз худ намудааст, дар озмуни эҷодиёти умумирусиягӣ, ки таҳти унвони «Ҳунарманди халқӣ» баргузор гардид, ғолиб омад. Дар ин бора Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар додааст.
Озмун дар пойтахти Русия - шаҳри Маскав баргузор гашта, Зебинисо Исмоилова, таълимгирандаи маҳфили «Рақс»-и Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе дар номинатсияи «Хореография» лауреати дараҷаи якум гардидааст.
Дар озмун натанҳо кӯдакону наврасон, балки ҳунармандони калонсол низ аз Федератсияи Русия ва кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок доштанд, вале раққосаи хурдакаки тоҷик бо рақси мавзун ва маҳорати баландаш ҳакамонро қоил карда, сазовори ҷойи аввал гашт.
Зебинисо Исмоилова қаблан низ дар чандин озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои намоён гаштааст. Аз ҷумла моҳи марти соли 2024 Зебинисо дар Фестивал-озмуни байналмилалии «Art Silk Way» дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯйи ду номинатсия сазовори ҷойи 1-ум гашта буд.