Дирӯз дар аксари шабакаҳои иҷтимоӣ хабари бе ному нишон гум шудани як духтарчаи 8-сола паҳн гашта, ҳамагонро сахт ба ташвиш оварда буд. Волидони ин духтарчаи зардинамӯй худро ба сад дар зада, фарзандашонро ҷустуҷӯ менамуданд.
Онҳо умед доштанд, ки шояд кӯдак роҳи манзилашонро гум карда, роҳгум задааст ва ягон одами хайрхоҳ фарзандашонро пайдо намуда, сиҳату саломат ба онҳо бар мегардонад, аммо дареғ, сад дареғ, ки умедҳои ин падару модари ҷигарсӯхта барбод рафта, ҷисми бе ҷони ҷигарбандашонро пайдо намуданд.
“Имрӯз ҷасади Руфейда Иноятоваи 8-соларо пайдо карданд. Аз ҳамаи онҳое, ки дар ин рӯзҳо бо мо буданд, изҳори миннатдорӣ мекунам”- навиштааст, аммаи Руфейда-Саида Иноятова.
Пайвандони ин духтарчаи ормонӣ навишта буданд, ки Руфейда бо мақсади ба ҳоҷатхона рафтан, аз хона баромада, бо ҳамин бедарак шудааст. Онҳо тариқи расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз мардум барои пайдо кардани духтарча кӯмак хоста буданд, вале зиндаву саломат пайдо кардани кӯдаки маъсум муяссар нагашт.
Аз рӯи нақли пайвандонаш Руфайда кушта шудааст, вале кадом ҷаллоди сангдил ин кӯдаки бегуноҳро ба қатл расонидааст, ҳанӯз маълум нест. Пайвандони духтарчаи ормонӣ аз шарҳ додани тафсилти марги ӯ худдорӣ намуда, гуфтаанд, ки мақомоти милитсия ин масъаларо таҳқиқ доранд.
Падару модарони азиз, фарзандонатонро беназорат нагузоред, зеро ҳатто як лаҳза фориғболӣ метавонад ба сари кӯдакон ягон фалокат оварда, дар дили волидон доғи сӯзоне ниҳад, ки ҳаргиз даво намеёбад.