Ассалому алайкум, дӯстони азиз! Ман аз шавҳари якумам бо сабаби майнӯшиву бекориаш ҷудо шуда, дувум бор издивоҷ кардаам. Аз шавҳари якумам як духтарча дорам.
Ба марди занмурдае, ки як писар дорад, ба шавҳар баромадам. Ману шавҳарам бо як нигоҳ якдигарро маъқул кардем. Аммо аз рӯзи аввал писари шавҳарам, ки 14-сола аст, бо ману духтарчаи 10-солаам созиш надорад. Духтарчаамро мезанад, ба ман гапгардонӣ мекунад, аз дарсҳо мегурезад...
Доимо шавҳарам аз муаллимону ҳамсояҳо аз ахлоқи бади писараш гап мешунавад.
Дирӯз боз бо духтарчаам бе ҳичӣ ҷанг шуду ӯро зад, ман ҳам сари қаҳр ба ӯ дарафтодам. Шавҳарам аз кор омада, ҳам маро ҷанг карду ҳам писарашро.
Аз шавҳарам хоҳиш кардам, ки “писарат мушкилтарбия аст, шояд ӯро ба мактаби махсуси душвортарбияҳо мебарӣ?”.
- Не, ҳеҷ гоҳ! Раҳматии модараш васият карда буд, ки писарамонро хор шудан намонам,- гуфт ӯ.
Аз дил гузаронидам, ки агар рафтори ин писарбача ҳамин хел рафтан гирад, мо ҷудо хоҳем шуд. Аммо ман шавҳарамро хеле дӯст медорам.
Дар гирдоб афтодаам. Чӣ кор кунам?
ФИРӮЗА, ш. Ваҳдат