Духтарам Мадина 19-сола аст. Модар шуда истода, ман аз ҳама охир фаҳмидам, ки духтарам бачаи ҳамсояамонро дӯст медоштааст. Маъруф бо ваъдаҳои болохонадор духтарамро ба доми худ афтонида, ҳар рӯз ба мулоқоту вохӯрии ошиқона даъват мекардааст.
Як рӯз ба хонаи хоби Мадина даромада, хостам духтарамро ба мағоза барои харидани собун фиристам, вале ҳолашро дида, дилам аз тарс қариб кафида буд. Дар рӯйи кати хобаш мурда барин дароз кашида буд ва рангаш мисли пахта сап-сафед шуда, мадори чашмонашро кушодан надошт. Сарашро болои зонуҳоям гузошта, пурсидам, ки ба ӯ чӣ шудааст. Мадина ба ҷойи ба саволам ҷавоб додан танҳо оби дида мерехт. Хостам духтур ҷеғ занам, вале духтарам бо ишораи даст маро нигоҳ дошта, зорӣ кард, ки ин корро накунам. Ҳайрон шуда, сабаб пурсидам. Мадина зор-зор гиря карда пичирросзанон гуфт: “Очаҷон, маро бубахшед, ки сари шумою падарамро паст кардам. Маъруфи номард бо фиреб номуси маро доғдор карда, ҳаётамро сӯхт. Ман тоби бардоштани ин шармандагиро надорам. Дору хӯрдам, то ки ҳам худам ва ҳам тифли дар шикамам бударо кушта, шуморо аз бадномӣ халос кунам”.
Ин гапро шунида, дуд аз димоғам баромад ва зуд мошин киро карда, духтарамро ба духтурхона бурдам. Ба духтурҳо дурӯғ гуфтам, ки духтарам тасодуфан нафаҳмида ба ҷойи доруҳои худаш доруҳои маро хӯрдааст. Табибон меъдаашро шуста, Мадинаи моро аз марг наҷот доданд. Аввал хостам аз болои бачаи ҳамсоя ба милиса шикоят кунам, вале баъд андеша кардам, ки арзу дод намудан фоида надорад. Маъруфро суд кунанд ҳам, чанд сол пас ба озодӣ мебарояд, духтари ман бошад, бадномзада ва як умр бадбахт мешавад. Бо мақсади бо роҳи мусолиҳатомез ҳал кардани ин масъала ба хонаи ҳамсоя рафтам ва буду шуди гапро ба падару модари Маъруф, ки одамони худотарсу боинсоф ҳастанд, нақл кардам.
Модари Маъруф аввал ба келин кардани духтарам розӣ нашуд, вале шавҳараш ӯро маломат карда, гуфт: “Занаки беақл, магар ту мехоҳӣ, ки писарат умри ҷавонашро дар пушти панҷара гузаронад?! Ҳамсоя, шумо ташвиш накашед, пагоҳ бегоҳ мо аз рӯйи таомул ба хонаатон хостгорӣ меравем ва Худо хоҳад, дар байни як ҳафта Мадинаро бо обрӯ келин мекунем. Ба духтаратон бигӯед, ки мабодо беақлӣ карда, дору хӯрда, тифли батнашро нест накунад, ки хунаш мегирад, кӯдак ягон гуноҳ надорад“.
Ҳамин тавр, ҳамсоя ба қавлаш вафо карда, дар байни чанд рӯз тӯйи зебое орост ва духтарамро бо обрӯ келин карда ба хонааш бурд.
Мадинаю Маъруф имрӯз соҳиби духтарчаи зебое ҳастанд ва зиндагии хушбахтона доранд.
Хонандагони азиз, шояд шумо ба ҳоли ман бихандед, ки шарм надошта, бадномии духтарашро фош кардааст, вале ҳадаф аз навиштани ин сатрҳо чизи дигар аст. Аввалан, ман ин номаро бо он мақсад навиштам, ки волидон, хоса модарон мисли ман нисбати фарзандонашон бепарвоӣ накунанд. Ман гуноҳи худамро ба гардан мегирам, агар дар вақташ ҳар қадами духтарамро зери назорат мегирифтам, шояд ин ҳодисаи нангин рӯй намедод. Дуюм, аксари волидон дар чунин ҳолатҳо духтари гумроҳашонро зери мушту лагад мегиранд ва ин боиси даст ба худкушӣ задани духтар ё ҷавон гашта, дарду ғами бисёреро ба думболи худ меорад. Оби рехтаро аз замин бардошта намешавад, бинобар ин, падару модаронро лозим аст, ки дар чунин ҳолатҳо на ба эҳсосот, балки ба садои ақлашон гӯш диҳанд, то коре накунанд, ки оқибаташ аз пушаймонӣ пушти даст газидан бошад...
М., хонандаи Oila.tj