Ба сомонаи Оила аз шаҳри Норак хабар доданд, ки муноқишаи хунини рӯзи 25 март дар кӯчаи Братскаяи шаҳри Норак дар заминаи рашк рух додааст.
Ба гуфтаи Дилҷӯ ном ҷавони норакӣ Рамазон дар оилаи серфарзанд ба воя расидааст. Онҳо 7 бародаранд ва қариб ҳама бо оилаҳои худ дар манзили падару модарашон дар деҳаи Тутқавул зиндагӣ мекунанд.
"Рамазон Ғуломов дар деҳа бо лақаби Хирс маъруф аст, вале дар асл як бачаи беозор буд. Ӯ дар бандари шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар як корхонаи гӯшт кор мекард. Аксари коргарони ин корхона зодагони Норак мебошанд. Рамазон охирҳои тирамоҳи соли 2019 ба Тоҷикистон баргашт. Ӯ се сол пеш ба як духтар аз кӯчаи Братскаяи маҳаллаи Энергетик издивоҷ кард. Касе аз наздикону дӯстонаш ба ин издивоҷ розӣ набуд, чунки духтарро модараш бепадар калон карда буд ва овозаҳое буд, ки гӯё ӯ ҳарҷогард аст. Аммо Рамазон, ки сахт ошиқ шуда буд, касеро гӯш накард ва ба он духтар издивоҷ намуд. Онҳо соҳиби як писар шуданд. Вале вақте ки Рамазон аз Русия баргашт, дар бораи рафтори ҳамсараш гапҳои ҳархела шунид ва гапашон бо ӯ дар заминаи рашк гурехт. Ҳамсараш дар пайи ин ҷангу ҷанҷолҳо қаҳр карда, ба хонаи модараш рафт”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.
Муноқишаи хунин рӯзи 25 март рух дод. Рамазон Ғуломов, ба гуфтаи наздиконаш, он рӯз ба хонаи модарарӯсаш омад, то ҳамсару фарзандашро бо худ бубарад. Аммо баҳси онҳо рӯи ин масъала ба ҷанҷолу даъво печид ва Рамазон дар сари қаҳр ва аз ҳиссиёти рашк ҳамсарашро кушту модарарӯсашро бо корд захмӣ кард.
Бино ба гузориши ВКД, "марди 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Пули-сангини шаҳри Норак ҳамчун санаи 25-уми марти соли 2020, тахминан соати 15:20-дақиқа, бинобар сабаби муноқишаи оилавӣ дар кӯчаи "Братский”-и шаҳри мазкур, бо ҳамсараш ҷавонзани 25-сола, ҷангу ҷанҷол карда, 7-маротиба бо корди қатшавандаи кисагӣ ба узвҳои гуногуни баданаш зарба зада, ҷабрдидаро ба ҳалокат расонидааст. Сипас, бо корди дар дасташ буда 2-маротиба ба узвҳои бадани модарарӯсаш зани 45-сола зада, ӯро захмӣ кардааст. Дар натиҷа, ҷабрдида дар беморхона бистарӣ гаштааст. Айни замон гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.