Arzon march 2024
Дугонаам ману янгаамро душман кард
15.06.2024
ОИЛА.ТҶ
2038

Салом! Дугона ҳаргиз дӯст намешавад мегуфтанд, рост будааст. Рафтори дугонаи ҷониам Нигина ҳақиқат будани ин суханонро бори дигар собит намуда, маро ба он маҷбур кард, ки ҳодисаи аз сари аҳли оилаамон гузаштаро ба шуом нақл кунам.

Ману Нигина дугонаҳои ҷонӣ будем. Дугонаам зоҳиран духтари бисёр хуб менамуд. Вай модари маро очаю бародаронамро акаи қиёматӣ мехонд, вале Нигинаи хушмуомилаю фаришта як актриссаи таппа тайёр будаасту мо бехабар! Ин духтари беҳаё бо баҳонаи дидорбинӣ бо ман ба хонаамон омада, ба бародари калониам, ки зану фарзанд дошт, ишқбозӣ мекардааст. Зани акаам ишқварзии Нигинаро бо шавҳараш бо чашми худаш дида, аз ман домангир шуд, ки ту миёнарав шуда, дугонаатро бо шӯйи ман ошно кардӣ, то ки зиндагии моро вайрон кунӣ...

Аз рӯйи он духтари беҳаё шуда, падарам акаамро аз хона пеш кард. Ҳамин тавр дугонаам ҳаёти бародарамро сӯхта, маро зери таънаю маломати хешу табор монд. Янгаам ба ҳама «Зиндагии маро қайсингилам вайрон кард» гуфта гаштааст. Акнун ҳама аз ман домангиранд, гӯё ин корро махсус ташкил карда бошам, ки акаам занашро талоқ диҳад. Падарам ҳар рӯз маро дуои бад мекунад, модарам бошад, намегузорад, ки дигар бо касе дугонагӣ кунам. Ҳабси хонагӣ шудаам аз рӯйи як касофат!

Ба занону духтарони тоҷик гуфтаниям, ки дугонабоз нашаванд, зеро дар ин замона дугонаи ҷонӣ намондааст.

Бо эҳтиром: Р.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД