Arzon march 2024
Дугонаам бо ҷодугарӣ шавҳарамро аз худ кард
761

Вақтҳои охир дар бораи ба чанг афтидани фолбину ҷодугарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ тез-тез хабар медиҳанд. Ман низ яке аз он занҳои ҷабрдида ҳастам, ки аз дасти фолбину ҷодугарон хонавайрон шудаам.

Раҳима ном дугона доштам. Аз овони кӯдакӣ мо ҳарду дар як мактаб мехондем ва Раҳима аз ҳамон замонҳо ҳамеша думболи бачаҳои бою бадавлат мегашт, вале ман ҳаргиз фикр намекардам, ки ин духтар барои пулу мол ба ҳама кор қодир аст.

Хулоса, баъди хатми мактаби миёна ба ман аз як оилаи номдору сарватманд хостгор баромад ва волидонам бо тую тамошо маро ба хонаи бахтам гусел карданд. Раҳима дугонаи арӯс-шоҳиди ман буд ва баъди тӯй тез-тез ба хонаамон маро хабаргирӣ меомад.

Падаршӯям раиси як корхона буд ва зиндагии мо шоҳона мегузашт. Шавҳарам дар корхонаи падараш кор мекард ва соҳиби мошини гаронбаҳои хориҷӣ буд, аммо ҷавони сарватманд бошад ҳам, вай духтарбоз ва беҳаё набуд.

Дугонаам Раҳима ҳар бори маро хабаргирӣ омаданаш бо шавҳарам ҳар хел ҳазлу шӯхиҳо мекард, шавҳарам шарм дошта, сар ба зер меафканд ва чизе намегуфт. Рафтори дугонаам ба хушдоманам писанд набуд ва маро насиҳат мекарданд, ки эҳтиёт бошам, чунки чашмони ин духтар беҷо менамояд, вале ман ҳаргиз гумони бадро ба дилам роҳ намедодам, зеро ҳатто ба гӯшаи хаёлам ҳам намеомад, ки Раҳима ба бахти ман чашм ало карда метавонад.

Ҳамин тавр аз байн чанд сол гузашт. Дар ин миён ман соҳиби ду писарчаи дугоник ва як гулдухтари нозанин гаштам, аммо Раҳима ҳанӯз бахти худро наёфта ба қавле аллакай пирдухтар шуда буд. Дилам ба ҳоли дугонаам месӯхт ва гоҳе ба шавҳарам мегуфтам, ки ягон дӯсти безанашро бо Раҳима шинос кунад, шояд ситораҳояшон мувофиқ афтида, хонадор мешаванд. Шавҳарам дар ҷавоб “эй, ин дугонаи шаттоҳи туро кӣ ба занӣ мегирад” гуфта, даст меафшонд, аммо...

Намедонам Раҳима, ки мудом дар ба дари муллою фолбинҳо мегашт, шавҳарамро ҷоду кард ё ягон усули дигарро ба кор бурд, ки пас аз чанд сол аз ман пинҳонӣ вай дугонаи шаттоҳамро ба занӣ гирифтааст. Вақте ин хабар ба гӯшам расид, аввал боварам наомад, аммо як рӯзи наҳс шавҳарамро дар хонаи дугонаам доштаму дунё дар назарам тираву тор гашт. Мани аз рашк оташгирифта аз гиребони шавҳарам дошта, маҷбур кардам, ки талоқамро диҳад, чунки тоби бардоштани хиёнатро надоштам. Ҳамин тавр бо айби дугонаи ҷодугарам Раҳима хонавайрон шудам ва се фарзандам аз меҳру муҳаббати падар маҳрум гаштанд.

Ба занону духтарони тоҷик гуфтаниям, ки ба дугона бовар накунанд, чунки дугонабозӣ ба сари кас сад бало оварда метавонад.

А. С

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД