Салом! Номи ман Марям, сокини шаҳри Душанбе ҳастам ва мехоҳам дар як масъала аз хонандагон маслиҳат бипурсам.
Як дугонаи ҷониам, ки барои ман мисли хоҳар аст, бо як ҷавони ҳамсояамон аҳди ишқу муҳаббат дошт. Онҳо дар ҳақиқат ҳамдигарро дӯст медоранд ва ҷавон ният дошт, ки баъди хатми донишгоҳ ба хонаи дугонаам хостгор фиристода, бо тӯю тамошо ӯро ба занӣ мегирад, вале ин чархи фалаки ҷафопеша ба коми дили ин дилдодагон нагашт.
Ба дугонаам аз шаҳри Ваҳдат хостгор баромаду пайвандонаш розигӣ доданд, зеро бо хостгорон робитаи хешутаборӣ доранд. Аммо худи дугонаам он ҷавонро намехоҳад ва шабу рӯз гиря мекунад. Духтар аз шарм ба волидонаш ошкоро гуфта наметавонад, ки бачаи ҳамсояро дӯст медорад ва бо вай издивоҷ карданист. Аҳволашро дида ғамгин мешавам, вале намедонам чӣ тавр ба вай ёрӣ расонам.
Аз шумо, хонандагони азиз, хоҳиш мекунам, ки маслиҳати худро аз ман дареғ надоред. Ба падару модари дугонаам фаҳмонам, ки духтарашон дӯстдошта дорад ё ба корҳои оилавии онҳо дахолат накунам?