“Бало танҳо намеояд” гуфтагӣ барин, рӯзҳои охир ҳодисаҳои нохуши табиӣ дар кишварамон тез-тез рӯй дода истодаанд. Ба думболи селу обхезӣ дар Вилояти Хатлон ва як қатор ноҳияҳои тобеъи марказ, ки ба хоҷагии халқ зиёну зарари зиёде расонида, роҳу пулу купрукҳоро вайрон, кишту полезро хароб ва чандин хонаро валангор намуда, ҷони одамони бегуноҳро рабуд, дар Вилояти Суғд боз як фоҷиаи дигар сар зад.
Ҳодиса дар деҳаи Дархони ноҳияи Деваштич рӯй дода, ду зан бо фарзандонашон зери хок мондаанд. Ба иттилъи Спутник ин фоҷиаи ҷигарсӯз нимаи дуюми рӯзи 17-май ба вуқуъ пайваста, боиси ҳалокати 5 нафар гаштааст. Манбаъ мегӯяд, яке аз занҳо ҳамсояашро ба хӯроки чошт даъват кардааст, вале дар вақти тановули ғизо теппае, ки ошхона дар зери он вқеъ гашта буд, якбора фурӯ рафта, соҳибхоназан бо ду фарзандаш ва зани ҳамсоя бо як кӯдакаш дар зери хоку лой мондаанд.
Ҷасади ин шаҳидонро ҳамсояҳо бо ёрии кормандони мақомоти дахлдор бо сад ранҷу азоб аз зери хоку лой бароварда, барои ташхис ба экспертиза бурдаанд.
Соҳибхоназани зери хок монда 32-сола буда, яке аз фарзандонаш дар синфи 3 ва дигарӣ синфи 4 мехондааст, ҳамсоязан бошад 23 сол дошт ва бо тифлаки 1-солааш қурбони ин фоҷиа гашт.