goodwell
Ду соли пурифтихори сарбози Ватан
96

Солҳои охир баробари оғоз ёфтани маъракаи даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар аллакай дар рӯзи нахустин нақшаи даъват дар аксари вилоятҳо пурра иҷро гардида истодааст. Ин пеш аз ҳама аз боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ ва ғурури миллӣ миёни ҷавонон шаҳодат медиҳад. Ҳамзамон, беҳтар гардидани шароит дар қисмҳои ҳарбӣ низ омили муҳими ҷалби ихтиёриён ба сафи Артиши миллӣ гардидааст.

Ин навбат ба хонандагони азиз аз ҳаёти сарбозе қисса мекунем, ки бо як ҷаҳон таассуроту таҷриба аз хизмати ҳарбӣ баргаштааст.

Фирдавс Ашӯров зодаи шаҳри Истаравшан буда, моҳи апрели соли 2024 ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайваст ва моҳи апрели соли ҷорӣ бо сари баланд аз хизмати ҳарбӣ баргашт. Ӯ пеш аз даъват дар факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таҳсил мекард. Аммо бо вазъи оилавӣ натавонист таҳсилашро дар ин боргоҳи илму маърифат ба итмом расонад.

"Муддате барои беҳтар кардани вазъи оилавӣ ба муҳоҷират рафтам. Чун шароитамон беҳтар шуд, тасмим гирифтам аввал ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайваста, қарзи хешро адо намоям ва сипас таҳсиламро идома диҳам. Хушбахтона, бо сари баланд ба хизмати ҳарбӣ рафта, бо як ҷаҳон таассуроту таҷриба баргаштам",- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Фирдавс ҷавони донишманд буда, ба забонҳои хориҷӣ - русӣ, англисӣ, олмонӣ ва арабӣ озодона суҳбат карда метавонад, ки ин аз ҷаҳонибинии васеъ ва завқи баланди омӯзишии ӯ дарак медиҳад.

Қаҳрамони мо дар давоми хизмат худро ҳамчун сарбози масъулиятшиносу фаъол нишон додааст ва аз ҷониби роҳбарият бо ифтихорномаву сипоснома қадрдонӣ шудааст. Ҳамхизматон ва фармондеҳон аз интизом, хушахлоқӣ ва кӯшишҳои пайвастаи ӯ барои аз худ кардани нозукиҳои хизмати ҳарбӣ ситоиш мекунанд. Донистани забонҳои хориҷӣ низ ба ӯ имкон додааст, ки доираи ҷаҳонбиниашро васеътар намуда, бо дигарон таҷриба мубодила кунад. Ӯ аз як рӯзи ҳаёти сарбозӣ ба мо чунин нақл кард:

- Ҳар субҳ бо рӯҳияи баланди ватандӯстона оғоз меёфт. Ҳама бо шунидани фармони «Рота, аз хоб бархез!» аз ҷой бархоста, ҷойи худро ба танзим дароварда, ба саф мебаромаданд. Сипас машқҳои ҳарбӣ, хӯрдани субҳона, дарсҳои таълимӣ оғоз меёфт. Хӯроки қисми ҳарбӣ аз чор маҳал (дар нисфирӯзӣ хӯроки якум-дувум) иборат буда, бо салат, равғани зард, чойи ширин, шарбат ва аксари вақт бо меваҳои тару тоза таъмин буд. Ҳамзамон дар ҳар иду ҷашн аз сохторҳои гуногун, аз ҷумла раиси шаҳр ба аёдати сарбозон омада, дастурхони идона меоростанд. Аёдату миннатдории онҳо ба мо сарбозон нерӯ ва ғурури хоси ватандӯстӣ мебахшид. Ҳарчанд имрӯзҳо ҳоло нав аз хизмати ҳарбӣ омадаам, аммо аллакай дилам ба он рӯзҳои пурифтихор гум мезанад.

Фирдавс бар он назар аст, ки хизмати ҳарбӣ барои ҳар як ҷавон мактаби ҳаёт аст. Ин мактаб инсонро обутоб дода, ба ӯ масъулият ва муҳаббат ба Ватанро меомӯзонад. Ӯ бо ифтихор мегӯяд, ки адои қарзи шаҳрвандӣ барояш шарафи бузург аст ва ин давра дар ҳаёташ яке аз муҳимтарин марҳилаҳо маҳсуб меёбад.

Қаҳрамони мо мегӯяд ки дар хизмати ҳарбӣ вазифаи сарбоз обутоб додани бадан, тамрини пайваста, омӯхтани омодабошиву усулҳои ҷанг, омӯзиши фанҳои муқарраргашта, тозаву озода нигоҳ доштани гирду атрофи қисми ҳарбӣ, қатъӣ риоя намудани гигиенаи шахсӣ ва аз ҳама муҳим, нигоҳ доштани интизоми ҳарбӣ ва муносибатҳои байниҳамдигарӣ мебошад.

"Дар айёми хизмат дӯстони зиёд пайдо кардам. Онҳо танҳо ҳамхизмат не, балки бародароне шуданд, ки доимо ҳамнафас буданд. Ҳар кадом бо рафтору гуфтори худ бароям дарси зиндагӣ доданд, ки номашон дар саҳифаи хотираҳоям як умр нақш бастаанд. Ҳар яки онҳо дар вуҷудашон як ҷаҳон хислатҳои неки инсонӣ доштанд. Имрӯз бо ифтихор мегӯям, ки ман дар он мактаби зиндагӣ дӯстони воқеӣ пайдо кардам. Дӯстоне, ки бо хислатҳои некашон зиндагиро зебову маънодор месозанд",- гуфт ҳамсуҳбати мо.

Фирдавс Ашӯров хушҳол аз он аст, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар пайваста, қарзи имониву виҷдониву инсонии худро назди Ватан-модар адо кардааст.

"Ман ҷавони хушбахтам, зеро дар тан либоси ҳарбӣ дар қатори ҳазорон сарбозону афсарони Ватан, дар паҳлуи мардони асил адои хизмати ҳарбӣ намудам. Ман ватандӯст будам, ватандӯстдортар шудам, инсондӯст будам, инсондӯстдортар шудам. Ба ҳамаи ҷавонон тавсия медиҳам, ки бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайванданд ва қарзи муқаддаси худро дар назди Ватан содиқона иҷро намоянд. Зеро хизмат ба Ватан — хизмат ба ояндаи худ ва миллат аст. Бигзор Қувваҳои Мусаллаҳи кишвари азизамон боз ҳам нерӯманду муқтадир бошад ва осмони софу ороми Тоҷикистони маҳбуб ҳамеша побарҷо бимонад",- бо ифтихор гуфт Фирдавс Ашӯров.

Имрӯзҳо Фирдавс Ашӯров бо орзуву ниятҳои нек ба оянда менигарад. Ӯ бовар дорад, ки бо дониш, таҷриба ва иродаи қавӣ метавонад дар рушду пешрафти Ватан саҳми арзандаи худро гузорад ва хизмати Модар-Ватанро берун аз сафи Қувваҳои Мусаллаҳ бо саҳмгузорӣ дар рушду шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон идома диҳад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД