Ду сокини Душанбе бо гумони ҷиноятҳои зиёди дуздӣ дастгир шуданд
05.02.2026
Oila.tj
115

Ҳамчун гумонбар дар содир намудани шумораи зиёди ҷиноятҳои дуздӣ, кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур Каримов Умедҷон ва Бахтовари Амирхон, сокинони 25-солаи шаҳри Душанберо дастгир намудаанд.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, гарчанде номбурдагон қаблан бо ҷумрҳои ғоратгарӣ, дуздӣ, авбошӣ ва қаллобӣ суд шудаанд, аз кирдорҳои ҷиноятии худ даст накашида, дар ҳудуди шаҳри Душанбе силсила ҷиноятҳои дуздӣ содир намудаанд. Аз ҷумла, санаи 29-уми январи соли ҷорӣ дар кӯчаи Б. Ғафуров бо истифода аз «атвёрка» тирезаи воситаи нақлиёти тамғаи «Тайота»-ро шикаста, аз дохили он 100 ҳазор сомонӣ маблағи нақдро рабудаанд. Бо ин кирдори ҷиноятӣ ба шаҳрванд Имомёров М., сокини 34-солаи шаҳри Душанбе зарари калони молиявӣ расонидаанд.

Ҳамзамон дар натиҷаи тафтишоти пешакӣ муайян гардидааст, ки гумонбарон дар содир намудани 6лаҳза дигар ҷиноятҳои дуздӣ даст доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД