sebiston july new
ДУ ҲОДИСАИ МАРГБОР ДАР САДАМА
1198

 Рӯзҳои охир ҷавонони имрӯзаи мо ҳангоми ҳаракат кардар дар роҳ пасу пешашонро нигоҳ накарда мошинро бо суръати баланд меронанд,ва ин боиси марги якчанд ҷавонон мегарданд.
Аз ҷумла, рӯзи 27-уми апрели соли 2021, тахминан соати 21:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Абдуллоев Баҳром Қодирович, соли таваллудаш 1954, сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён, ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти ноҳияи Вахш, дар ҳудуди деҳаи Ганҷинаи ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳияи мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, велосипедрон, Бобохонов Абдураҳим Бозорович, соли таваллудаш 1999, сокини ҷамоати деҳоти Навбаҳорро пахш намудааст.

Дар натиҷа, велосипедрон Бобохонов А.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Инчунин, 28-уми апрели соли 2021, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Королла”, Сулаймонов Ҷамшед Умедҷонович, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Бохтар ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванта”, таҳти идораи ронанда, Назаров Авазалӣ Муҳиддинович, соли таваллудаш 1990, сокини ҷамоати деҳоти Т.Садриддинови ноҳияи Шаҳритус, бархӯрдааст.

Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи тамғаи “Хундай-Аванта”, Абдусамадов Доно Ботирович, соли таваллудаш 1998, Назаров Муҳиддин Раҳимович, соли таваллудаш 1958, сокинони ноҳияи Шаҳритус ва ронандаи автомашинаи “Тайота-Королла”, Сулаймонов Ҷ.У ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоша, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, Абдусамадов Д.Б дар роҳ ба ҳалокат расидааст.

Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД