formula
Ду нигоҳ: Муҳоҷирон аз сокинони Москав чӣ фарқ доранд?
610


Руҳияи муҳоҷирбадбинӣ дар Русия торафт авҷ мегирад, махсусан сокинони шаҳри Маскав ба муҳоҷирони меҳнатӣ, хоса зодагони кишварҳои Осиёи Миёна ҳамеша бо ҳисси нороҳатӣ менигаранд. Чаро чунин аст?

Маълум мешавад, ки яке аз сабабҳои бо ҳам забон ёфта натавонистани сокинони Маскав ва муҳоҷирони меҳнатие, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд, ба зиндагӣ нигоҳи муттафовут доштани онҳост. Ин танҳо як андешаи хушку холӣ набуда, олимон тавофути нигоҳи ин ду табақаро исбот намудаанд.

Олимони Институти тадқиқоти демографии Россия-РАН дар байни сокинони шаҳри Москва ва муҳоҷирони меҳнатие, ки аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна барои машғул шудан бо фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия омадаанд, назарпурсӣ гузаронида, ба хулосае омаданд, ки назари москвагиҳо ва муҳоҷирони меҳнатӣ ба зиндагӣ комилан аз ҳам фарқ дорад.

Тибқи натиҷаи тадқиқот оила барои зодагони кишварҳои Осиёи Миёна ҳамеша дар ҷойи аввал меистад. Зимни назарпурсӣ 57%-и муҳоҷирони меҳенатӣ иқрор шудаанд, ки ҳар коре мекунанд, барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагии аҳли оилаашон мебошад. Ин дар ҳолест, ки танҳо 25%-и сокинони шаҳри Москва оиларо муқаддам медонанд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ бо мақсади кор кардан ба Федератсияи Россия сафар кунанд ҳам, танҳо 30%-и онҳо гуфтаанд, ки кори мувофиқи табъе, ки имконияти рушди касбиро фароҳам меорад, барояшон муҳим аст. Дар ҳамин ҳол 42% сокинони Москва кор ва рушди касбиро дар ҷойи аввал мегузоранд.

Аз рӯйи виҷдон зиндагӣ кардан ва мубориза бурдан барои адолат барои 27%-и муҳоҷирони меҳнатӣ дар зиндагӣ хеле муҳим аст, вале ҳамагӣ 15%-и сокинони пойтахти Россия-шаҳри Москва виҷдон ва алодатро дар зиндагӣ муҳим мешуморанд.

Озодии сухан ва имконияти гуфта тавонистани хоҳишу мақсади худ барои 13%-и муҳоҷирон муҳим буда, ҳамагӣ 6%-и москвагиҳо ба ин савол ҷавоби мусбӣ додаанд.

Олимони РАН аз натиҷаи пурсиш ба чунин хулоса расиданд, ки сокинони шаҳри Москва корро ҳамеша дар ҷойи аввал мегузоранд, барои зодагони кишварҳои Осиёи Миёна бошад, оила муқаддас буда, ҳама талоши муҳоҷирони меҳнатӣ ба беҳтар сохтани шароити зисту зиндагии аҳли хонаводаашон равона гаштааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД